Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
сохтани чунин ҳукумате ин ормонҳо аз байн мераванд. Мо миллатро бояд ба як озорандаи доимии зиндагиву ҷон табдил диҳем. Ин хилофи фалсафаи симурғист. Башар бояд то ба Рустами ормонӣ камол ёбад ва ба дардҳову ранҷҳои зиндагӣ дармон бахшад.
Амир Исмоил: Аз вежагиҳои бунёдии ин андеша тақаддуми меҳр ба ҳар чизи дигар аст.
Балъамӣ: Аз ҷумла ба ақида, имон, шариату миллат ва уммату нажод ва ҷинсу табақа?
Амир Исмоил: Дар аввал дар доираи як миллату як нажод.
Балъамӣ: Чаро фикр намекунед, ки андеша дар замони ҳукуматҳои муқтадире чун Ҳахоманишу Ашконӣ ва Сосонӣ ба шикасти фоҳише рӯ ба рӯ шуд?
Амир Исмоил: Барои он ки онҳо яке аз аслҳои бунёдии ин андешаро фаромӯш карданд ва ё беэътибор сохтанд.
Балъамӣ: Он асли бунёдӣ чист?
Амир Исмоил: Хирад. Маҳз хирад посдору нигаҳдори ҷону зиндагист. Хираде, ки ба нигаҳбонии ҳама ҷонҳову ҳама зиндагон ва ҳама инсонҳо барнахезад, хирад нест. Аз ин рӯ хирад дар доманаи сиёсат фақат нақшу вазифа ва тааҳуди онро дорад, ки зиндагонии инсонҳоро ба таври куллӣ бидуни ҳар гуна истисно ва табъизе нигоҳ дорад. Хираде, ки чунин тааҳуде дорад, шолудаи сиёсат ва кишвардориву ҷаҳондорист.
Балъамӣ: Чаро шумо фикр намекунед, ки ин андеша ширк аст?! Ин хиради шумо он маъниро медиҳад, ки вай бартар аз ҳар шариате ва динест. Ин хиради Оллоҳ нест. Аз ин назар ҳар чӣ зиндагиро дар ин гетӣ биёзорад, чӣ қавонину низом ва чӣ дастгоҳҳои динӣ бошанд, бар зидди хираданд. Шариату дин ва иродаи худо асл нестанд, балки зиндагӣ дар ин гетӣ асл аст ва хирад посдори ҳамин зиндагист. Ин аст, ки хирад ҳақ дорад бо андешидан ҳар чиро бар зидди зиндагии мардум дар гетӣ меёбад, дур бияфканад ва тард кунад.
Амир Исмоил: Шумо ба мисли Абулҳафс наяндешед. Маро тамоми ваҳшатам аз ин қабил одамон аст. Онҳо муташаббеҳ шудаанд. Муроди мо бояд баргардондани ишон ба асли хеш бошад. Вагарна дар ҳама чиз тамғаи ширк задан мумкин мешавад. Ин чиз ояндаи хатир ба бор меоварад. Миллатро ба инҳитоти фарҳангиву нажоди гирифтор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё