Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Алорағми ҳукуматҳои бегона давоми миллатро тазмин кард. Ин давоми миллат ҳаст, ки боз рӯзе ҳукумати мудовиме хоҳад офарид. Ҳамин аст, ки дар қаболи тағйироти сарсомовари ҳукуматҳо ва силсилаҳо ва афроди ҳоким дар ин сарзамини пуршукӯҳу паҳновари Эрон пас аз тасаллути араб ва ислом бояд давоми миллатро таъмин ва танзим намуд. Сарнагун шудани ҳукуматҳо нишони адами интибоқи он ҳукуматҳо бо миллат ҳаст. Ва акнун вазифаи мост, ки он арзишҳоеро, ки пояи давоми миллати эронӣ будааст, пояи бунёдгузории як ҳукумати фаррии навин бикунем, то он арзишҳову ормонҳо он ҳукуматро бар дӯш бикашанд ва бо он ҷон бибахшанд. Акнун он ҳангом фаро расидааст, ки он арзишҳову ормонҳо боз аз сарчашмаи давоми миллат дар зарфи ҳукумат рехта шавад. Чун ин миллат аст, ки ҳазорсолаҳо давоми худро таъмин кардааст, то ба ҷое, ки ҳукуматҳо аз уҳдаи ин масъулият барнаёмадаанд.
Аз ин рӯ миллати эронӣ бино бар ҳаққе, ки дар асари “сарчашмаи давоми худ будан” дорад, ҳаққи бунёдгузории ҳукумат ва низомеро дорад, ки таҷАССУМИ ин арзишҳо ва ормонҳо бошад.

Балъамӣ: Ин миллат аст, ки давоми худро аз сарчашмаи худ ҳифз кардааст, на он ки ҳукуматҳо зомини ин давом буда бошанд. Ва он, ки ба худ давом мебахшад, худ сарчашмаи ҳамаи қудратҳост.

Амир Исмоил: Оре, касе давом меёбад, ки қудрат дорад.
Ва ин қудрат як давлати мутамарказ аст. Он гоҳ миллат ба сифати тоҷбахш зуҳур мекунад.

Балъамӣ: Вале ба кадом роҳ? Он чӣ амирам мехоҳанд,
хеле мушкил аст. Ва дар қиболи сиёсате, ки ислом матраҳ
месозад, барои давоми миллат хатарнок мебошад. Мо
ҳамеша дар маърази таҳоҷуми ақвоми ваҳшиву бадавӣ
қарор дорем. Бо ин фалсафа, ки ҷаноби олӣ матраҳ месозанд, яъне бунёд гузоштани як ҳокимияти фаррӣ, ки пояи
аслияш наҷӯрдани ҷон ва муқаддас будани зиндагист,
барои мо хеле хатар дорад. Бо ҳоким кардани ин сиёсат
дар дилу андеша ва рафтори қавму миллати хеш зарбаи
муҳлике ба он зада мешавад. Он вақт аст, ки муташаббеҳ
мешавад. Барои он, ки ин сиёсатро ҳоким созем, бояд аввалан, чунон ки ишораи фармуданд, як давлати мутамарказ
ва қудратманде бунёдгузорӣ шавад, ки мардумро барои
ҳазорсолаҳо аз шарри бегонагон эмин нигоҳ дорад, бо ин
фалсафа намешавад ҳукумати ормониро сохт. Дар сурати

пешина
аз 675
навбатӣ