Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ин манзара хира мемонад).

Балъамӣ: Амирам, шояд ба муборакбодии гирифтани маншури вилояти Мовароуннаҳр аз ҷониби халифа ба дастбӯсӣ омада бошанд.

Амир Наср: Дар чунин вазъият ин баҳона шуда наметавонад, ҳол он ки ҳамон вақт, яъне ба омадани маншури халифа, нома навишта узри дар маросими супурда шудани маншур ҳузур наёфтанашро иброз дошта буд. Ин баҳона нест! Чаро ман аз чизеву коре хабар надорам? Ё ман...

Балъамӣ (Бе риёкорӣ): Башар ин шафқату адли шуморо дар нисбати риояти ҳаққи бародарон ба ёд надорад, амирам.

Амир Наср: Пас чаро бо ман чунин рафтор мекунанд?! Мо адлро дар ҳаққи ҳама баробар риоя мекунем.

Балъамӣ: Ман гумон намекунам, ки муроҷиати амир Исмоил ба Самарқанд чунин оҳанге дошта бошад. Валлоҳу аълам...

Амир Наср (Худ ба худ): Худоё, дар сари ин кӯдак чист? Чаро ман ҳеҷ фаҳм наметавонистам дар гуфтору рафтораш, заррае ҳам бошад, аз эътирозу исён чизеро ҳис кунам? Ӯ чӣ мехоҳад? Муродаш чист? Намефаҳмам. Ҳарчанд кӯшидам, ӯро бифаҳмам... гӯё ӯро хуб мефаҳмидаму мешинохтам... Инсон шинохтанӣ нест. Фақат таҳти як қонуни умумӣ рафтор мекунад, фақат ҳамин қонун ӯро бо дигарон умумият медиҳад... Дар дигар маврид ӯ мухтор аст, ба мисли дижи рӯйин аст, ки фақат аз дарун метавон онро тасхир кард... (Ба Балъамӣ муроҷиат мекунад). Тадқиқ кунед ва ба ман маълум намоед, ки ӯ бар сар чӣ хаёл дорад. Бухороро ҳамтур раҳо кардану бе манзур ба Самарқанд омадан бояд сабабе дошта бошад?

Балъамӣ: Шояд худи амирам бо омаданашон...

Амир Наср: Ман ӯро дидан намехоҳам.

Балъамӣ: Амирам...

Амир Наср: Ӯро пешвоз гиред ва дар саройи Самарқанд фуруд оред.

Ба боғ менигарад. Оҳу сару рӯйи Наср бинни Исмоили хурдсолро мелесад. Амир Наср ба раҳму шафқат лабханд мезанад.

пешина
аз 675
навбатӣ