Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
САМАРҚАНД
Қасри шоҳ
Амир Наср бинни Аҳмади Сомонӣ вориди толор мешавад. Аз ду тараф аъёну ашрофи Самарқанд ва аҳли дарбор саф кашидаанд. Дар назди чандин дари вурудии толори қаср сарбозони ороставу пероста ба либоси низомӣ, ки ҳашамату ҷалоли лашкари амири Сомониро менамоёнад, посбон истодаанд. Амир Наср аз миёни саф гузашта бар тахт менишинад. Ҳозирон аз амири хеш пайравӣ карда ҳар кадоме ба ҷойи хеш гузашта менишинад. Балъамии вазир, ки бо лақаби Хоҷаи Бузург маъруф аст, аз ҷой хеста аз аҳволи девони давлат иттилоъ медиҳад ва дар фароварди сухан ба масоили рӯзмарра мепардозад.
Балъамӣ: Шоҳам, дишаб аз Рабинҷон ба Бухоро қосидон расиданд. Амир Исмоил ба Самарқанд меоянд, ҳоло ба Рабинҷон фуруд омадаанд.
Амир Наср: Чӣ?! Аз Бухоро чӣ хабар?
Балъамӣ: Аз Абуабдулло Абилҳафси Сағир ба номи шоҳам нома расидааст. (Номаро ба шоҳ дароз мекунад ва боз ба ҷойи худ бармегардад). Амир Исмоил фардо ба Самарқанд мерасанд.
Амир Наср номаро кушода мехонад ва то дергоҳ ба андеша фурӯ меравад.
Амир Наср (Аз ҳилоли андешаҳо): Худсарӣ! Исён!... Кӯдак! Сари коса ба кӯза нарасида, сояшонро дар девор бузург мебинанд! (Аз ҷояш хеста ба тарафи панҷраҳои сӯйи чорбоғи қаср меравад. Ҳанӯз дар банди андеша аст). Мо маншури омаданашро нафиристодаем. Ба касе машварат накардааст. Аз ин рафтори амир Исмоил мардуми Бухоро дар хусуси амнияти худ ба ташвиш афтодаанд. Агар бародарамон Абузакриё Яҳё ин лаёқатро медоштанд, мо худ ишонро ба ҷои амир Исмоил мефиристодем! Дар ҷанги зидди туркони кофар ва дар кӯмак кардан ба Рофеъ мо гумон кардем, ки ӯ болиғ шудааст. Ӯ ҳанӯз кӯдак боқӣ мондааст! (Амир Наср ба панҷара такя дода ба дурҳо менигарад. Аз канораҳои боғ садои гурдасти шерон ва зӯзаи гургони қафас ба гӯшаш мерасад. Ғазале озодона, бепарво даруни боғ мечамад, додарзодааш Наср бинни Исмоил дуйболи ғазол саргардону машғул аст. Ва бо нигоҳе пур аз ҳасад ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё