Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳеҷ як аз сипоҳиёни ӯ (Баҳром) ба тасарруфи моли мардум, ҳатто ба андозаи ҳардале таваҷҷӯҳ надоранд...

Амир Исмоил ҳам ба мисли ҷадди аълояш фақат дар баробари бедоди золим буд. Ӯ дар ин амр, ҳатто ба умарояш бовар намекард. Худаш мерафт, ки қазоват кунад. Ба рӯзҳои яхбандони зимистон ки рафтуомади мардумон мушкил мешуд, ба ҷое мебаромад, ки иртиботи мардум бо вай саҳлтар бошад. Ӯ ба ин мақсад танҳо бар асп нишаста ба майдон меомад ва то намози пешин дар пушти асп мебуд. Вақте умаро ба ӯ мегуфтанд, ки дар чунин рӯзҳо дигар шоҳон аз кохи хеш берун намераванд, ту чаро чунин заҳматро бар худ раво медорӣ, амир Исмоил посух медод: “Бошад ки ҷабрдидае ба даргоҳ ояд аз паи ҳоҷати хеш ва ӯро нафақотеву маскане набошад ва чун ба узри сармову хунукӣ маро набинад ва ба мо расидани ӯро, донам ки гардонанд, бечора боз ноумед ба хонаи худ баргардад. Аз ин рӯ ба майдон мебароям, зеро рафъи гирифториҳо дар ин гуна айём назди худованд боарзиштар аз дигар замонҳост”.

Вақте ки ба Рай ворид шуд, аввалин коре ки кард, ба суроғи Муҳаммад Закариёи Розӣ рафт. Ҳакими бузург дар бемористони хеш буд, маризонро муояна мекард ва ба дафтари шахсии онон иллати амрозу табобати ишонро менавишт. Ин тарзи муолиҷаи ниёгон ба шумор мерафт, ки бо тасаллути аъроб аз байн бирафт. Муҳаммади Закариё барои аввалин бор дар қаламрави ҳукумати исломӣ онро ба роҳ монда буд. Амир Исмоил бисёрҳо тавсифи ин бемористону тарзи муолиҷаи беморонро аз уламо шунида буд ва орзуи дидани онро дар дил мепарвард. Имрӯз ба орзуи дили худ расида буд. Пизишкёре ки назди даромадгоҳи бемористон ба забту қайди маризон иштигол дошт, аз дидани амир Исмоил ба ҳарос афтода, шитобзада худ ро ба ҳаким расонид. Аз шиддати тарсу эҳтирос забонаш бар ком часпида буд. Ҳаким аз тарсхӯрдагии пизишкёраш ба ташвиш афтода машғулияташро қатъ намуда, тунд пурсид:
— Чӣ шуд?
Пизишкёр: Ааааамир Иссссммоил...
Сухани пизишкёр ба охир нарасида буд, ки амир Исмоил аз дар намудор гардид. Ӯ марди баландболои лоғарандоме

пешина
аз 675
навбатӣ