Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хишт намешавад бино кард! Беҳуда! Мо ба фахрфурӯшии хеш овора! Чӣ беҳуда! Хастакунанда!.. Омодагӣ бинед, фардо рӯзи масоф аст...

Ҷанг ду рӯз давом кард. Одамони амир Исмоил дар набардгоҳи лашкари Муҳаммади Ҳорун мунодӣ мекарданд, ки амири Хуросон бар осиён гузашт хоҳад намуд. Хоҳ таъсири ин мунодиҳо буд ва ё худ фаҳмидани бемаънигии дар баробари амир Исмоил алам боло карданд, ки сарбозон гурӯҳ-гурӯҳ ба лашкариёни амир Исмоил мепайвастанд. Аҳмад ибни Саҳл, ки дар қалби лашкар меҷангид, барои шустани гуноҳонаш басо мардонагӣ нишон медод. Сипоҳиёни майманаву майсара, ки таҳти фармондеҳии Ҳамуя ибни Алӣ ва Абусолеҳ Мансур ибни Исҳок ибни Аҳмад амал мекарданд, ҳалқаи муҳосираи лашкари Ҳорунро торафт тангтар мегардонданд. Сипоҳиёни Испаҳбад Шарвин писари Рустам ҳанӯз иҷозаи масоф додан наёфта буданд ва барои лаҳзаи “мабодо” нигоҳдорӣ мешуданд. Амир Исмоил, ки аз баландие ба ин набард назора мекард, аз ҷангидани сипоҳиёнаш розӣ буд.

Ҳокими маъзули Табаристон дар майдон наменамуд. Шояд ӯ ҳам аз ҷониби муқобил ба ҷанг наззора мекард. Вале бегоҳ маълум шуд, ки Ҳорун бо ҳазор сарбози дайламӣ ҷониби Қазвин гурехтааст. Амир Исмоил бедиранг ба таъқиби ӯ бародарзодааш Абусолеҳ Мансурро, ки худро дар ҷанг нишон дода буд, фиристод.

— Зинҳор, ба сипоҳиён бифаҳмонед, ки бо мардуми шаҳр ва молу маноли ишон дастдарозӣ накунанд. Ба ин мақсад ишонро маош медиҳем, ки инкора набошанд.

Муҳаммади Ҳорун дар Қазвин таваққуф накард, ба Зинҷон рафта, аз он ҷой ба Дайлам паноҳ бурд. Ва сарбозонаш дар кӯҳхову ҷангалҳо пароканда шуданд, то ҷони худро ба саломат ба хонаҳошон бирасонанд.

Дигар хабари ғалабаҳои охири амир Исмоил дар Ироқ паҳн шуда буд. Мардуми Рай ӯро бо ҷадди аълояш Баҳроми Шӯбин муқоиса мекарданд! Ва тасалло меёфтанд.

Амир Исмоил:

Амир... дар маҳалле ки ба Қазвин расид, ҳангоми иртифоот буд ва дар он иртифоот шоҳҳову меваҳои раз фаровон. Лашкариёнаш хӯшаи ангуре аз касе талаб накардаанд ва фақат гоҳе ба зар мехариданд...

Баҳроми Шӯбин:

пешина
аз 675
навбатӣ