Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аҳмад ибни Саҳл: Аз ғалабаи шоҳам бар доии алавӣ ба ҳарос уфтодаанд. Тарс бар эшон муставлӣ гардидааст.

Амир Исмоил: Бе сипоҳи ту бо ӯ чӣ қадар сарбоз мондааст?

Аҳмад ибни Саҳл: Ҳашт ҳазор. Ба ҷуз як ҳазор дайламӣ, боқӣ майли ҷангидан бо сипоҳи шоҳамро надоранд. Ва он ҳазор нафар ҳам ба шубҳа афтодаанд.

Амир Исмоил: Модом ки чунин аст, чаро бо ту ҳамроҳ нашуданд?

Аҳмад ибни Саҳл: Аз бими ғазаби шоҳам, ки бар эшон гузашт нахоҳанд кард.

Амир Исмоил: Чаро ту бим накардӣ?

Аҳмад ибни Саҳл: Беҳтар он донистам, ки ба ғазаби шоҳам гирифтор бошам нисбат ба он ки дар муқобили ишон шамшер кашам.

Амир Исмоил: Пас маълум мешавад, ки аз аввал бар мо осӣ шудани Ҳорунро медонистӣ. Худо накунод, агар мо дар муқобили доии алавӣ мунҳазим мешудем, ту ҳеҷ гоҳ ба тарафи мо намегузаштӣ.

Аҳмад ибни Саҳл: Савганд ба номи Худое, ки маро халқ кардааст, ҳамеша дилам ҳичил буд. Ман гуноҳи хешро дар масоф бо ӯ ҷуброн мекунам.

Амир Исмоил: Магар гуноҳ ҷуброн мешавад? Ин ҳам ба монандӣ даъвии Носир аст.

Аҳмад ибни Саҳл: Савганд ба номи Худое, ки маро халқ кардааст, ман дар ин масоф гуноҳамро бо хуни хеш хоҳам шуст.

Ҳамуя ибни Алӣ механдад. Амир Исмоил аз ҳоли низори ӯ лабханд мезанад. Аҳмад ибни Саҳл ҳис мекунад, ки ӯро масқара мекунанд, сар ба зер афканда, хомӯш мемонад.

Амир Исмоил: Он кас, ки як бор хиёнат кард, бори дуюму сеюм ҳам мекунад. Ин пандро Муҳаммади Ҳорун ба мо биёмӯзонд. Бигзор гуфтаи ту шавад. Туро ҳам меозмоем: Рӯзи аввал ту масоф хоҳӣ дод.

Аҳмад ибни Саҳл худро ба пои амир Исмоил мепартояд. Аз шиддати риққат ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад.

Амир Исмоил: Бархез, ин амал шоистаи як озода нест.

Ҳамуя: Аз касрати ғуломони турк дар сипоҳ ин хӯй бар озодагон ҳам ориз шудааст. Дигар лозим меояд, ки ин хӯйи пастро бо зарбати тозиёна аз замири ишон бадар кунем.

пешина
аз 675
навбатӣ