Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
онҳо пир шудаанд... Тан ба ризои қазо мебояд дод! Аз ин раҳ на фақат онҳо омадаанду мераванд! Ҳадди аълоишон Баҳром низ аз ин роҳ омадааст. Ва имрӯз навобаи ӯ аз ин роҳ мераванд.
Ва шаҳри Рай бимнок аст... аз он ки осиеро ба хиёнату исён суқ додааст; аз он ки сипаҳсолор Аҳмад ибни Саҳлро аз карда пушаймон гардондааст: Осиён ба ҳар ду олам сияҳрӯянд!
Ва Муҳаммади Ҳорун бимнок аст... аз он ки доии алавиёни Дайлам ҳазимат шудаву ба ҷангалистони анбуҳи Мозандарон паноҳ мебарад; аз он ки ӯ дигар ҳокими Табаристон нест; аз он ки сипаҳсолор Аҳмад ибни Саҳл аз ӯ гурехтаву ба лашкари Хуросон пайвастааст: Хиёнатро хиёнат гӯр аст, Ҳорун! Фотеҳи Хуросон шоҳ Исмоил ибни Аҳмад ибни Асад, ибни Сомон, ибни Нӯшрод ибни Баҳроми Шӯбин ибни Меҳрон меояд! Аз роҳи ҷадди аълои хеш Баҳром меояд! Мавъуди Иронзамин аз Ҳиндугон меояд! Худованд, ӯро Нусрат бахш!
Мурдаи ғуломони бани Аббос бар сари дор таҷзия шудаанд, аз сарири хеш афтидаанд!
Ва шаҳри Рай бӯйи ганди мурдаҳо гирифтааст!
Ва илми Муҳаммади Розӣ беилоҷ мондааст!
Кирми чашмони Укартамишу фарзандонаш мор шудаанду бар ҳафоли ҷамҷамаҳо хазидаанд!
Ва мӯзиҳо шаҳрро фаро гирифтаанд.
Ва Муҳаммад Ҳоруни Сарахсӣ дар бими раҳои...
Амир Исмоил: Ман гумон надоштам, ки ту бар мо осӣ шавӣ.
Аҳмад ибни Саҳл: Ӯ аз мо пинҳон медошт.
Амир Исмоил: Аламу либосаш ҳам пинҳон буд?
Аҳмад ибни Саҳл: Ӯ мегуфт: мо бад-он хотир ҷома дигар мекунем, ки амиралмӯъминин Мӯътазид биллоҳ аз амир Исмоил ибни Аҳмад бадгумон нашавад. Мо бо номи алавиёни Дайламу Гургон сарҳадоти кишвари оли Сомонро вусъат мебахшем...
Амир Исмоил: Каломат ифшогари дуругат аст. Ман намедонам, дигар ба ту чун бовар кунам.
Аҳмад ибни Саҳл (ҳиҷолат кашида): Агар шоҳам аз гуноҳам бигзаранд, ман дар масоф бо Муҳаммади Ҳорун садоқатамро ба шоҳам нишон хоҳам дод.
Амир Исмоил: Вазъи лашкараш чун аст?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо