Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

фикр кардан дорад. Ҳанӯз андешааш фалаҷ нашудааст.

Корвони ҳадоёи халифа, ки ҳама тӯҳфаи Амри Лайс буд, ҷониби Бухоро ҳаракат мекунад, то амир Исмоил кишвари хешро вусъат бахшад, амнияти хилофатро таъмин созад.
Ва Амри Лайс бо ин ҳама атоё дар кунҷи зиндони хилофат гуруснагӣ мекашад.
Ва тоҷи мурассаъи шоҳаншоҳ Яздигурд вориси хешро меёбад.
Ва шамшери тиллоии яздигурдӣ ба дасти соҳибаш мерасад.
Ва аспи сафед истибли Тайсафунро раҳо мекунад. Ва Симург ба лонаи хеш бармегардад.
Ва шер вуҳушро ба зери сояи ин сарви азим гирд меоварад.
Ва паррандагон ба лонаҳои хеш дар шоҳсори ин сарви азим кӯч мебанданд.
Ва дигар дарёи азим ором мегирад...
Ва Яҳмус — ин гови муқаддас бар шохҳои заррини хеш Заминро ором медорад.
Ва моҳӣ дар об намелаҷҷад...
Ва ҷаҳон ба ойини ростӣ ҳамоҳанг мешавад...
Ва амир Исмоил ба қасди вусъат додани қаламрави ҳукумати маврусии хеш аз дарвозаҳои Бухоро берун меравад —, то ойини ростиро густурдатар созад.
Ва «роҳ дар ҷаҳон якест ва он роҳи ростӣ аст».
Ва ростӣ беҳтарин неъмат ва ҳам мояи саодат аст ва саодат азони касест, ки хостори беҳтарин ростист...

МАРВ

Амир Исмоил ба шаҳри пуршукӯҳи Марви Шоҳиҷаҳон ворид мешавад. Ҳама ҷо садои мунодиён ба гӯш мерасад:
«Сипоҳи амир Исмоилро бо раияти ӯ коре нест». Мардуми шаҳр, чӣ марду чӣ зан, ба истиқболи амири хеш мебароянд. Онҳо аввалин бор шоҳи худро мебинанд. Ӯ ба эҳтироми мардум аз аспаш пиёда мешавад ва пешопеши лашкар аз байни мардум мегузарад. Шодию шағафи мардуми

пешина
аз 675
навбатӣ