Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
худ фарёд мезад: “Эй марди хуросонӣ ба имдодам бирас!.. Наҷотам деҳ ки ғарқ мешавам” Ва аз дурҳо садое ба гӯваш мерасад: “Подоши наҷот додани мо Абусалмаву Абумуслим буд! Боз аз кадом наҷот сухан мегӯӣ?!” Мӯътазид маъюсона иқрор мекунад: “Оре, ин хатои мо буд. Чокарони сароиро, ки озодагон бардоштаем ҳузури шумо барои мо шармовар буд, зеро мо ҳанӯз дар баробари шумо саҳрой, аъробӣ боқӣ мондаем... Мо зарурат ба аз худ пасттаре доштем. Оре, ин хатои мо буд... Мо аз Салмон рақш бурдаем. “Салмон аҳли байти” бароямон иҳонатовар буд. Бо ҳилла ба рӯз расидагон ҳамеша ҳамчунинанд! Качравон ҳеҷ гоҳ мустақим нараванд! Оре, хатои мо аз ибтидо буд! Бубин ман ба дарёи гилолуд ғарқ мешавам. Вале ту бидуни олуда шудан, бидуни тар шудан, онро убур мекунӣ! Хушо ба ҳоли Салмон! Хушо ба ҳоли Бӯҳанифа!.. Хушо ба ҳоли растагорон!.. “ Мӯътазид бо эҳтиросу таб фарёд мезанад.
-Амп!.. Амр!..
Касе дар ёди ӯ нест. Ин нидо ҳам мисли боқии сухано- наш ба бод меравад, хазёни таболуд пиндошта мешавад. Ӯ баҳс мекунад. Ӯ бо нидо гуфтанӣ буд, ки даст ба дома- ни фотеҳи Хуросон мебояд зад. Аз роҳи озмуда мебояд рафт. Вале ҳайҳот, дар ин шаҳри ҷовидона кобусҳо на за- бони гирову мутакаллим вуҷуду не гӯши ниюшо, аз ниюша!.. Аз ин вузарову умаро чӣ фоида?! Амиралмӯъми- нин аз ишон хаста шудааст! “Ӯро ба ҳоли худ гузоред... Мегӯяд табиб.– Амиралмӯъминин ба осоиш ниёз дорад. Даме бояд баросояд”. Муктафӣ бар болини падар инти- зор мемонад. Ҷойи ӯ ин ҷост! Ӯ бояд бо падар бимонад. Ба касе намешавад бовар кард. Кӣ медонад? Мӯътазид биллоҳ сӯи фарзанд бо шакку тарс менигарад. Ва табибро бо ишорати даст мефаҳмонад, ки ин ҷо бимонад. Табиб қасди рафтан надорад. Ӯ фақат дигаронро барои осоиши амиралмӯъминин ба дар кардаасту бас! Мӯътазид биллоҳ хушнуд мешавад ва бо ишорат ба писар фаҳмондан мехо- ҳад, ки коғазу давот лозим дорад.
Табиб: Амиралмӯъминин коғазу давот мехоҳанд.
Муктафӣ биллоҳ коғазу давот меорад. Табиб Мӯътазид- ро бар рахт менишонад, чанд болиштеро бар пушташ та- кягоҳ мегузорад. Халифаи мусулмонон дигар муродашро бавассути навиштан ба дигарон хоҳад фаҳмонд.
Ҳанӯз мағзи фалачшудаи амиралмӯъминин қобилити

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо