Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ашнас (худ ба худ): Гӯё намедонад. (ба Ҳафс ибни Умар). Амри Лайси Саффорӣ Ашнаси ходим нест, ки ӯро нашно- санд.

Ҳафс ибни Умар: Оё Ашнас ходим гумон мекунанд, ки тамоми мардуми қаламрави хилофат агар дар шаҳр хали- фаи хешро танҳо, бинанд ӯро мешиносанд?

Ашнас: Намедонам. Вале ман ҷасорати ин корро надо- рам.

Ҳафс ибни Умар: Дигар илоҷе нест. Ӯ саломат бояд ба Бағдод расад.

Ашнас ба таҳқиқу имтиҳон ба чашмони Ҳафс ибни Умар менигарад. Ӯ аз ин исрорварзиҳо дар бемор будани Амри Лайс ба шубҳа меафтад.

Ашнас: Чаро маҳз ӯ бемор мешавад? Боз вақте ки ба ди- ёраш расидаем...

Ҳафс ибни Умар: Ӯ марде пир аст. Ва ин роҳи дуру да- розро бетанаффӯс паймудан барои чун ӯе кори осоне нест. Худоро шукр бояд кард, ки ӯ то ба ин ҷо саломат расида- аст. Ман вазифаи худ медонистам, ки ба шумо хабар ди- ҳам. Дигар боқӣ шумо медонедӯ Амри Лайси Бағдод...

Ҳафс ибни Умар баргашта рафтани мешавад, вале Аш- наси ғулом ӯро боз медорад.

Ашнас: Чаро шумо худро аз масъулият сабукдӯш месо- зед? Шумо ҳам барои ӯ масъулед.

Ҳафс ибни Умар (худро тааҷҷубзада гирифта): Кӣ гуфт? Мо фақат ҳамсафар будему бас. Дигар ҳеҷ! Ман ба сафа- ри шумо ҳеҷ вобастагие надорам. Аз ин ҷо роҳҳои мо ҷудо мешаванд.

Ашнас: Ба шумо чун бовар кунам, ки худро ба ҷойи каси дигар намедиҳед?

Ҳафс ибни Умар: Ҳар чур, ки мехоҳанд. Дар акси ҳол боз ба Бухоро мебояд гашт.

Ашнас: Шӯхӣ мекунед?!

Ҳафс ибни Умар: Далел надорам.

Ашнас: Ман шуморо раҳо намекунам.

Ҳафс ибни Умар: Ман фақат барои амнияти худ ба хай- ли шумо ҳамроҳ шудаям.

Ашнас: Аз ба роҳ баромадани мо касе хабар надошт, ба ҷуз ду-се кас. Агар шумо аз вобастагони ӯ нестед, чун бо мо ҳамроҳ шудед?

299

пешина
аз 675
навбатӣ