Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

раҳониданд. Барои ман ин гуна суҳбатҳо ками дар кам муяссар мегарданд. Гузашти замон, таъҷиили расидагӣ ба умури давлатӣ лаҳзае амон намедиҳад. Ва ёрони қадим ҳам дар Самарқанд мондаанд. Шаҳбону, Беҳофариди пирро, китобдори шаҳрро ба ёд доред.

Шаҳбону: Ҳамсоямонро? Арабе молу зиёашро, хонаву дарашро барои габр буданаш ғасб карда буд. Шоҳам онро аз ғосиб гирифта ба соҳибаш баргардонда буданд.

Амир Исмоил: Оре, ӯ аз олам гузаштааст.

Шаҳбону: Илоҳо ҷояшро биҳишт гардонад. - Даст ба рӯй мебарад.

Амир Исмоил: Се фарзандашро ҳам дар ёд доред, ки ба фарзандони мо як ҷо бозӣ мекарданд?

Шаҳбону: Тифлакони хубе буданд: боодобу хушрӯй.

Амир Исмоил: Ман тарсидам, ки Шаҳбону фаромӯш кардаанд. Аноҳито бояд духтари калон шуда бошад.

Шаҳбону: Шояд ба шавҳар баромадааст?

Амир Исмоил: Метарсидам, ки Шаҳбону фаромӯш кардаанд. Мо ӯро гаҳворабахши фарзандамон карда будем. Наход аз хотирашон баромада бошад? Аз ман чашмдошт шудан мумкин аст. Ман хеле банд ҳастам. Вале Шаҳбону..

Аҳмад ибни Наср: Аз он ҷо, ки ман медонам, пирамард фақат писари калонаш - Фаридунро хонадор карда буд.

Амир Исмоил: Бисёр хуб. Шаҳбону ҳамроҳи бародар ва бародарзодаамон ба Самарқанд бояд бираванд.

Шаҳбону: Наход ман?!!

Амир Исмоил: Ман наметавонам, ҳарчанд дилам мехоҳад худам ба Самарқанд биравам. Вазъият чунин аст, ки бояд фавран ба Табаристон биравам.

Муҳаммади Нӯҳ аз хиҷолат сурх мешавад. Вазири барид намедонад, ки дар Табаристон чӣ мегузарад. Ва акнун маънии чашмак задани шоҳ барояш маълум мегардад.

Амир Исмоил: Абюсуф Яъқуб ва агар бародари бузургамон Абулашъас ҳанӯз дар Самарқанд бошанд ва бародарзодаамон Аҳмад ибни Наср дар ин амр ба Шаҳбону маслиҳат ва кӯмаки хешро дареғ нахоҳанд дошт.

Шаҳбону: Охир, чӣ хел мешавад? Падар дар арӯсии фарзанд иштирок надоранд.

Амир Исмоил: Писар бо ман меравад. Шумо арӯсро танҳо бе шавҳар ба Бухоро меоваред. Арӯсиро дар Бухоро

пешина
аз 675
навбатӣ