Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
як инсони вораста ҳама роҳҳо ба растагорӣ мебаранд. Ва моҳияти будани инсон растагорист. Ва вазифаи ин марди вораста равшан кардани ҳама роҳҳост. Он гоҳ аст, ки замин ҳам ба мисли осмон фақат аз ситора иборат мешавад. Он гоҳ аст, ки Иблиси нодонӣ, гумроҳӣ тани башарро тарк хоҳад кард ва он гоҳ аст то аз забони худи ӯ рӯҳи поку беолоишаш суруди Асмо мехонад. Он гоҳ аст, ки аъмолаш дар воқеъ боиси рашку ҳасади фариштагон мегардад. Дар акси ҳол ӯ ҳамон Одам аст, ки ҳанӯз Иблис баданашро тарк накардааст ва аз ӯ бӯйи фасод меояд. Чаро аз як чашмасор хушамон меояд? Зеро вай аз худ ҷӯшанда аст, поку зулол аст, равон аст! Як инсон бояд ҳамчунин чашмасор бошад. Ҳар ҷо, ки ин об меравад, бо худ хуррамӣ меоваранд. Муроди эъломи Худованд аз як офариниш ҳамин буд. Фариштагон ба ин нияти муназзаҳи Худованд саҷда кардаанд, на ба лаҷан! Ва ин иблис буд, ки онро шинохт, ба вай ҳасад варзид, зеро медонист мояи ишқи Худованд ба вуҷуд меояд, ӯ дар канор мемонад. Безӯтино мегардад. Ӯ аз ҷазби ишқи худ ба Худои хеш осӣ шуд. Зулайховор панҷа ба пироҳани Юсуф андохт. Ворастагон асли моҳияти хилкатанд. Ҳама роҳҳо барои ишон кушода мегардад. Онҳоро ҳар ҷо, ки ҳастанд, азиз мебояд дошт...
Амир Исмоил каф мекубад. Ҳоҷиб ҳозир мешавад.
Амир Исмоил: Шаҳбонуро даъват намо. - Ҳоҷиб боз баромада меравад. - Ба шумо сирреро мекушоям. Вале дар ҳузури Шаҳбону. Ҳузури Шаҳбону зарур аст... - Пас аз маҳси дурударозу фишороваранда. - Шумо маро ба ёди Самарқанд овардед. Гумон мекунам дар кӯшки худамон ҳастам ва шумо ба мисли ҳамешагӣ бо манед. Он қадар дилам мехоҳад дар Самарқанд бошам. Тани танҳо дар кӯчаҳои сангфаршаш гардиш кунам. Хостгоҳ инсонро ҳамеша ба сӯйи хеш мекашад. Самсоро! Бинобар қавли буддоиёни ҷаҳонӣ ин мафҳуми бозгашт аст. Ва ба қавли зандика фурӯ рафтан дар зулмати бепоён ва дар масири хеш чун нуре дурахшидан аст. Балки аз он зулмот нури асирро раҳо кардан! Дунё хеле аҷиб аст... Ҳар чӣ аз рӯшанӣ вуҷуд дорад, асир аст! Ва нур ҳамеша аз хостгоҳи хеш гурезон аст ва дар талоши раҳоист. Об ҳам рӯшноист. Нур ҳам аз худ ҷӯшандаву равон ва поку зулол аст. Ва дар маҷрои хеш рӯшангару поксозанда аст. Агар оби чашмасор ба сӯйи, дарё меравад, нур ба сӯйи Осмонҳо... Ана Шаҳбону ҳам омаданд. Ва шуморо аз сӯҳбатҳои дилгири ман

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо