Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Заволи ҳама чиз: дину имону андеша! Мефаҳмам, агар бар хасми хеш фоик ойӣ ва бар андешаву имонаш тасаллут кунӣ ва баъд гузашт намоӣ, гузашт маънӣ пайдо мекунад. Дар акси ҳол бемаънист. Ин чиз бединӣ ва беимонӣ та- лаккӣ мешавад. Чаро мо наметавонем бигӯем: Эй мардум роҳе, ки шумо меравед ба сӯйи бединӣ аст? Чаро? Не, баръ- акс кӯшиш мекунем бо ҳар василае ин рафторро ҳақ ҷилва диҳем... Мо ҳеҷ гоҳ аз ҳақ ҷонибдорӣ накарда будаем. (Хе- ле хомӯш мераванд). Ман аз густохию худ пӯзиш мехоҳам, устод. Дар ин масъала намешавад бе дард сухан кард. Ин маънии онро надорад, ки кас куфр мегӯяд. Аз имони ман комилтар имон нест. Вале масъала сари куфру дини ман ҳам нест. Ин ҷо бояд дар ҷигари мардум андешаро пар- варонид, ки аз имонаш, аз динаш, аз кишвараш, аз кав- маш, аз гузаштаҳояш фахр кунад. Вагарна мазҳаби ҳар зӯреро қабул хоҳад кард. Он гоҳ дар ин марзу бум ҳеҷ дине пойдор нахоҳад монд.

Онҳо ба дарвозаи шарқии рабази Бухоро мерасанд. Ха- лифаи навтаъиншудаи амир бо атрофиёнаш онҳоро дар даромадгоҳи ҳисори шаҳр пешвоз мегирад.

Абилҳафс: Халифаи Шумо Ҳусайн бинни Муҳаммад ал- Хаворичӣ.

Амир Исмоил бо ишорати даст корвони хешро нигоҳ медорад ва аз аспаш пиёда мешавад. Ҳусайн бинни Му- ҳаммад ба сӯйи амир мешитобад ва дасти ӯро мебӯсад.

Хаворичӣ: Бухоро пешкаш, амирам.

Мардуми шаҳр дар либосҳои идона болои бомҳо баро- мадаанд ва бар сари амир Исмоил симу зар нисор меку- нанд. Дигар дар қатори равандагон Ҳусайни Хаворичӣ ҷои Фазлро гирифтааст. Амир Исмоил бо сари бардошта то расидан ба манзил хомӯш мемонад, вале диле пур аз андеша дорад. Андеша аз гуфтори хеш. Абилҳафс низ ором аст. Аз ваҷоҳаташ намешавад чизеро фаҳмид: ба гуфтаҳои амир Исмоил ҳамсадост ва ё онро намепазирад? Амир Исмоил худ ба худ меандешад: “Намебоист назди ӯ дарди дил кардан! Ӯ сахт арабзада аст.”

Вақте ки онҳо аз дарвозаи шарқӣ вориди бинои арк ме- шаванд, манзараи аҷибе намудор мешавад. Аз ин дарвоза то дарвозаи ғарбӣ кӯчаи росте кашидаанд ва дар ду тара- фи он сарбозон бо либосҳои ороста дар фосилаи ду-се мет- ри байни якдигар саф кашидаанд. Сарбозони амир Исмоил

пешина
аз 675
навбатӣ