Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
мардумаш кушта шудааст, ба бардагӣ бурда шудааст...
Абилҳафс: (нашунида мегирад ва ба суханаш идома медиҳад). Ҳазрати расул, салиаллоҳи алайҳи васаллам, гуфт: “Ё Ҷабраил номи ин шаҳрҳо бигӯй”. Ҷабраил алайҳисалом гуфт: Номи яке аз ин шаҳрҳоро ба тозӣ Қосимия хонад ва ба форсӣ Бешгард ва дуввумро ба тозӣ Самарон хонанд ва ба форсӣ Самарқанд ва саввумро ба тозӣ Фохира хонанд ва ба форсӣ Бухоро. Расул, салиаллоҳу алайҳи васаллам, гуфт: Ё Ҷабраил чаро Фохира хонанд? Гуфт: Аз баҳри он, ки Бухоро рӯзи қиёмат бар ҳама шаҳрҳо фахр кунад ба бисёрии шаҳид. Расул, салиаллоҳу алайҳи васаллам, фармуд: Аллоҳум борик фи фоҳирата ва таҳра кулубуҳум бил тақво. Ва заки аъмолаҳум ва аҷъалҳум раҷҳуман фӣ умматӣ. Ва аз баҳри ин маънии аст, ки бар раҳмдили бухориён аз машриқ то мағриб гувоҳӣ медиҳанд ва ба эътиқоду покии ишон...
Амир Исмоил: Оре, ин аз бузургтарин нуқси мардуми мост.
Абилҳафс бо тааҷчуб ба амир Исмоил менигарад ва амир ба сӯяш лабханд мезанад.
Амир Исмоил: Дуруст, хеле боиси тааҷҷуб аст. Шумо ҳақ доред тааҷҷуб кунед, устод. Раҳмдилӣ барои мо беморӣ шудааст. Ва ҳар ки бар мо зулм мекунаду ҷабр, ӯро мепарастем ва аъмолашро тибқи фармудаи Худованд тафсир медиҳем. Магар ҳамин хислати мо набуд, ки аз бузургтарин ва муназзахтарин дини ниёгонамон ба хурофот табдил ёфт ва мо таҷзия шудем. Чаро бадавиҳои саҳрогард бар мо ғалаба карданд? Як дастаи сарупо бараҳнаи гурусна! Магар на бо айби худи мо? Мо шаҳид шуданро аз мубориза бурдан авло медонем. Монӣ ҳам, ки бо дини худ омад, ӯро аз рӯйи раҳмдилӣ пазируфтем. Буддо ҳам, ки омад, инчунин. Андешаи мо парешон шуд. Монӣ ба мо гуфт, ки ту натиҷаи гуноҳӣ, Буддо ба сӯйи горҳо ҳидоятамон кард. Ҳар кас ба ҳар тараф пароканда шуд. Ҳатто бемориямон ба ҳадде хуруҷ кардаву бар вуҷудамон мусаллат шудааст, ки дигар наметавонем аз рӯйи ақли солим мулоҳиза кунем, бияндешем, интихоб кунем. Чаро мо наметавонем аз мавлоҳои худ хӯйи ҷиҳоду ғазоро бипазирем? Мо ҳамеша аз раҳмдилӣ гузашт мекунем. Ин боис шудааст, ки наметавонем аз ҳар чизе аслашро бипазирем. Шумо гумон намекунед, ки ин хӯ боиси завол мешавад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё