Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Ман дигар ҳарфе надорам. Шумо чӣ мегӯед?
Абдуҷаббор (ба худ омада): Ишон дигар тасмимашонро гирифтаанд ва далел ҳам доранд.
Абуюсуф: Боз нагӯед, ки нагуфта буд. Бигзор гуфтаи шумо шавад. Ман имрӯз ба Бухоро расул мефиристам. Номаҳо якҷоя бинависед
Амри Лайс: Барои охирин бор таманно мекунам: Дош-тани гургҳо бар оҳу ҷабр аст.
Абуюсуф (механдад): Онҳо хӯса ҳастанд.
Амри Лайс: Барои оҳу фарқе намекунад.
Абуюсуф: Бошад.
Ва ба назди панҷара меравад. Ба сӯйи қафасҳо менигарад. Дар ҳақиқат оҳу пиру лоғар шуда буд. Ва ба худ меандешад: “Осори солҳост!”
БУХОРО
Амир Исмоил дилтангона, бо авзои гирифта байни сутунҳои толори нимравшани боргоҳ гардиш мекунад. Вазири барид Муҳаммад бини Нӯҳ бар суффае оромона нишастааст ва гӯш ба қимори фармоишоти амир мебошад. Вале амир Исмоил ҳузури ӯро аз ёд бурдааст ва худ ба худ ҳарф мезанад ва бар Нӯҳ чунин менамояд, ки ӯ хазён мегӯ-яд!
Амир Исмоил: Сараш бод гирифтааст. Ҳар киро сараш бод гирад, ба сӯйи маргаш мешитобад. Намедонам чаро зиндагӣ ин қадар бар дилашон задааст. Ӯ гумон мекунад халифа сарашро навозиш мекунад. Табиист, саратро навозиш хоҳад кард! Ончунон ки Ҳорун сари Зайди алави-ро. Сарашро ба хок супурбед? Ба ҳар навъ сайид аст, аз тухмаи пайғамбар! Ба як реша ба тухмаи Сосон мерасад. Бар ин арзӯ бум бегона нест. Аслан ки сайидзодагон бего-на нестанд. Боди буруташон низ аз ин ҷост! Ҳатман бо шарофати он роҳзан моро бо Муовияву Язид-ул-лаъна ба як саф хоҳанд гузошт ва соли дароз мардумро ба мӯя ка-шидану дашноми ин “кофар” барангехта хоҳанд кард. Ҳорун, дар воқеъ коре кард, ки шоистаи як роҳзан аст. Бо Абулхусайни Зайд чӣ кардед?! Умедворам он чи бо пада-раш рафт, бо ӯ накардаанд. Мегӯянд марде фозилу олим аст, дуруст аст? Фаҳмидед? Ӯро ҳозир кунед. Ман худам бо ӯ суҳбат хоҳам кард.
264

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ