Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
намекунанд. Дар сиёсат ба манфиати бегонагон хизмат кардан ҳамеша оқибати хузнангез ба ҳамроҳ дорад. Ин омилро ҷуз Яъкуб дигар давлатмардони мо нодида мегирифтанд ё мегиранд. Сукути хонадони Тоҳириро аз мо медонанд. Мо ба онҳо то он лаҳзае зарурем, ки заиф бошем. Мо барои Бағдод номатлуб будем. Иқрор мекунам, - хато аз ман ҳам гузашт. Қудрат то андозае маро худкома сохт. Имрӯз ки фикр мекунам, маро ғофилгир карда, ноаён бар оташи худхоҳиям равған рехта будаанд. Онҳо барои чунин як фарҷоме бо ҳама рафтори ман муросову сабр мекардаанд. Вале ман бо он чӣ бо эшон кардаам пушаймон нестам. Ва дар вопасин нафас ҳам мехоҳам ба рӯяшон бингарам ва ночиз буданашонро бароишон бинамоёнам.
Абюсуф: Бо ин ҳам муросо хоҳанд кард, вале ба мо чӣ ҳаз! Боз ҳам ба манфиати Бағдод хоҳад буд.
Амри Лайс: Вале ин ҷо монданам ҳам ба манфиати шумо нахоҳад буд. Фақат бароишон баҳона мешавад, ҳарчанд медонанд, ки ман бароишон сари мӯе дигар хатарнок нестам. Ман намехоҳам, ки ҳатто ба фарҷоми худ коре ба манфиати шуми онҳо карда бошам. Вале афсӯс, Абоиброҳим бағоят худотарс аст ва ишонро ончунон ки бояд бошанд, қабул мекунад, кизбу риёшонро ба ҷои сидқу марҷеият қабул мекунад. Онҳо бо он чӣ мекунанду ҳастанд бовар надоранд. Онҳо ҳатто ба расули Худо, ки хешро аз он тухма медонанд, бовар надоранд. Агар бовар медоштанд, ба хонадони пайғамбар чунин рафтор наменамуданд. Не, онҳо бо он чӣ мо бароишон хун мерезем, бовар надоранд. Ҳатто ба дини овардаашон имон надоранд. Ва мо ин риёву кизбро ҳамчун амри мусаллам мепазирем. Ҳамин ки касе аз аслашон, аз андешаашон, аз асли зиндагиашон огоҳ шуд ё заррае ба ниятҳояшон, фиребу дӯруғашон пай бурд, ӯро аз роҳи хеш мебардоранд. Бағдод дар ин масъала дижи рӯин аст. На касе аз он хориҷ мешавад ва на касе ба он ворид мегардад. Рӯзгори ишон андаруни ин дижи рӯин қиссаи "Ҳазор достон" аст. Кадоми онро гӯям?! Барои хондани он як умр намерасад. Инҳо аз уммавиҳо заррае кам нестанд, балки аз ишон гӯйи сабкат мебаранд. Аз куфр сухан гуфтан сафои имон мебарад.
Абюсуф: Ҳар чӣ мехоҳӣ далел биёвар, вале тасмим хатост, беҳуда аст. Ман онро пазируфтан наметавонам. Фарҷоми шумаш ҳар чӣ бошад, бар гардани худи ишон аст.
263

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ