Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
кушта шудаанд. Ин ҳам таҷрибаи талхи зиндагии мост, ки ҳеҷ панд напазируфтем. Рустамҳо ба дасти Шағодҳо кушта мешаванд!...
Ва мактубро бароварда ба Абуюсуф Яъқуб медиҳад. Ӯ номаро хонда ба Абдуҷаббор дароз мекунад ва интизор мемонад, ки чӣ мебояд кард.
Амри Лайс: Ин ҷо дигар асир мондани ман ба кафолате масъул нест. Ман тасмими худро гирифтаам. Хуб мешавад ман таслими Бағдод шавам. Дигар ман барои ҳар ду тараф безарар гардидаам. Хоҳиш мекунам, ба назди Абоиброҳим Исмоил амири Хуросон расул фиристед.
Абдуҷаббор: Он вақт фикри Абоиброҳим низ маълум хоҳад шуд ва тибқи он амал хоҳем кард. Ба амирам номаи муфассал бояд навишт ва қазияро битамом баён бояд намуд. Вассалом.
Амри Лайс: Ройи дуруст ҳамин аст. Он гоҳ амири Хуросон ба салоҳияти хеш амал хоҳад намуд.
Абуюсуф: Афсӯс... афсӯс... Мурод наздик буд.. Ҳама чиз дар дасти қазост.
Амри Лайс: Абоиброҳим ба танҳоӣ метавонад аз ӯҳдаи ин амали шарофатманд сарбаландона барояд. Шумо дар ин хусус парво накунед. Муҳим он аст, ки ҳадаф бошад. Дил танг мадор ки Баҳром аз Ҳиндустон савори пил хоҳад омад...
Абуюсуф: Дар Бағдод чӣ чиз интизор буданашонро амирам тасаввур карда метавонанд? Ишон бо ҷанобашон чун рафтор хоҳанд намуд?
Амри Лайс: Аз он ки ин ҷо умр ба беҳуда дар интизори номаълумиҳо бигзаронӣ, магар хуб нест, ки бидонӣ бо ту чӣ хоҳанд кард. Ман пеш аз он ки тасмимамро бигирам, неку бадашро барои худ санҷидаам. Агар хуб рафтор кунанд, ба мисли Афшин Ғурак писари Ковус ба ҷазои гуруснагӣ дар кунҷи зиндон ҳалок хоҳам шуд. Дар акси ҳол ҷазоямро на камтар аз ҷазои Мозиёр ва ё Бобак муқаррар хоҳанд намуд. Ин муҳим нест. Магар мо хиёнати эшонро кам дидаем. Онҳо ҳеҷ гоҳ моро бо хеш дар як саф намегузоранд. Онҳо бо Абумуслим чӣ кор карданд! Аз тааҳудоте, ки бо ӯ баста буданд, рӯ гардонданд. Бусалмаву оли Бармакро куштанд. Афшину Бобаку Мозиёрро ба дасти худамон аз миён бардоштанд. Ибни Мукаффаро зинда-зинда аҷзо ба ҷазо андар оташ андохтанд. Бо ман аз он зиёд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ