Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Абдуҷаббор: Оре, рафта барнамегардад, оянда кӯтоҳ асту номаълум ва саломатӣ бебақо. Ба қавли дигар гузашта нест. Аслан, ки гузашта чист? Ҳамин нафасе ки бароварда мешавад, ва эътимод ба нафаси тоза кашидан чист? Ҳеҷ. Яъне мо ҳеҷро ба ҳеҷ сарф мекунем. Сари ин ҳеҷӣ пархош мекунем, талош мекунем, дунёро кунфаякун мекунем. Ва боз Мансурвор даъво мекунем. Ва Ҳаҷҷочвор зулм бар дигарон раво медорем.
Абуюсуф: Пас чӣ бояд кард?
Абдуҷаббор: Ин пурсиш ба мисли одам қадимист. Балки ҳамзоди Одам аст. Ба қавли Абоиброҳим инсон фақат як илоҷи раҳоии аз ин қайду бастҳоро дорад ва он ҳам муслиҳ шудан. Ҳар кас дар роҳи камоли хеш бояд то ба як муслиҳ иртифоъ ёбад, яъне аз болои сояҳои хеш биҷаҳад. Вагарна ҷаҳон як дори ҳасратҳо аз хатоҳо боқӣ хоҳад монд.
Амри Лайс: Ман аз болои мурдаҳо ҷаҳидаам. Ва он қадар бори заҳмати ин ҷаҳон гардидаам, ки дигар тоқати таҳаммули онро надорам. Ба имдодам расед, агар кори хайре дар ҳаққи ман кардан хоҳед, ҳарчӣ зудтар ба Бухоро расул фиристед.
Абуюсуф бо чашмони ҳайратзада гоҳ ба Амри Лайс ва гоҳ ба Абдуҷаббор ибни Ҳамза менигарад ва гуфтан мехоҳад, ки шумо дар набудани ман боҳам забон як кардаед. Вале ман ин корро ҳамтур раҳо нахоҳам сохт. Ин ҷо ниятҳо тоза нест.
Абуюсуф: Манзур аз ирсоли расул чист?
Амри Лайс: Таслими Бағдод шудан. Дигар ин ҷо мондани ман маъние надорад. Ман намехоҳам бар заҳмати шумо барафзоям. Ҳама корҳо тамом шудааст. Ман ба касе даркор нестам.
Абуюсуф: Абоиброҳим Исмоил қабул нахоҳад кард. Ӯ замонат додааст. Ин шудани нест! Корҳо акнун дуруст мешаванд.
Амри Лайс: Бовар мекунам, вале ман дигар пуштивона надорам. Сиистон дар дасти ҳарҷу мараҷ. Сипоҳ ба Тоҳир байъат кардаанд ва бузургони кишвар озодии маро дигар намехоҳанд.
Абдуҷаббор ба Абуюсуф менигарад. Ишон дар ҳамдигар хира мешаванд. Чизе намефаҳманд.
Амри Лайс: Дар ин кишвар сулолаҳо бо дасти ғуломон аз байн рафтаанд ва давлатмардон аз дасти ҳоҷибони сароямон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ