Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амри Лайс хомӯш мемонад. Ба фикр фурӯ меравад ва дар андешааш бо худ ҷидол мекунад, чизе роҳи кореро ба ёд меоварад.
Абдуҷаббор: Амирам хомӯш монданд?
Амри Лайс: Акнун фаҳмидам, ки чаро бародарам равоншод Яъқуб ибтидои ҳар коре мегуфт: ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ ва ё наъузубилоҳи мин аш-шайтони раҷим...
Абюсуф Яъқуб вориди толор мешавад ва Амри Лайс, Абдуҷаббор ибни Ҳамза ба истиқболаш аз ҷой мехезанд.
Абюсуф: Ҳеҷ намехостам ба сӯҳбати шумо халал бирасонам, вале аз завқи бесабрӣ тоқат карда натавонистам. Куфру дин аз масоили аҷиб аст, ки фақеҳонро як умр ба худ машғул медорад. Ва ё ширку имон... Вале бародари мо Абоиброҳим ҳамеша таъкид меварзанд, ки роҳу усул муҳим нест, инсон бояд муслиҳ бишавад, ҳаёташро ба сӯйи як зиндагии шарофатмандона ислоҳ бинамояд...
Онҳо ба сӯҳбати Абюсуф ҳамроҳ намешаванд, то поён бурдани суханаш сабр мекунанд. Аз хомӯшии эшон ӯ худро ноинҷор эҳсос мекунад, сурх мешавад ва узрхоҳона мегӯяд:
- Шояд ман бемавқеъ омадам?.. Бовар кунед, ҳамчунин қасде надоштам. Сӯҳбати шумо хеле аҷиб буд.
Абдуҷаббор: Сӯҳбати пирон аҷобате надорад, балки моломоли ҳасрат асту дард.
Абюсуф: Ман гумон намекардам, ки зиндагии шумо ҳасратангез бошад. Яке амири Хуросону Ирокайн ва дигаре ҳама умр вазири арҷманд. Кӣ бовар мекунад?!
Амри Лайс: Зоге бе доге нест. Зиндагӣ ҳар қадар олитар дарду ҳасраташ ба ҳамон андоза бузургтар. Агар бозгаште будӣ ҳеҷ инсоне бо тариқи собиқаш намерафт.
Абюсуф: Чаро?
Амри Лайс: Зеро инсон таҷрибапазир нест. Як хаторо ҳазор нафар такрор мекунад, вале панд намегирад. Ва ҳангоме ки умраш ба ҷое расид, аз тамоми кардаву гуфтааш пушаймон мешавад ва дар ҳасрати умри дигаре меуфтад то аздастдодаҳояшро ислоҳ намояд, вале ҳайҳот! Онҳо ба дигарон аз хатоҳои хеш панд медиҳад. Агар мардум пандпазир мебуд, аз замони Одам то ба ин дам инсон фаришта мешуд. Вале афсӯс, ки то ба ҳол ғӯли биёбон боқӣ мондааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ