Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шумоён дорад? Чаро ман баробар бо як сарбоз қаноат мекунам, вале шумо намехоҳед? Ба худованде, ки замину осмонҳо офарид, савганд, ки нагузорам сари мӯе аз Адли Султон ҳалал ёбад. Ман аз шумо мепурсам: Адли Султон чист?.. Чаҳл шуморо ба ҷое кашонидааст, ки аз омӯзиш ҳам мондаед. Ман арафа нафсаҳу фақад арафа раббаҳу. Сифоти нафси мӯъмин чанд аст? Даҳ: аввал зуҳд, дуввум тақво, сеюм ранҷ, чаҳорум инсоф, панҷум ихлос, шашум закот, ҳафтум ҳаҷ, ҳаштум рӯза, нӯҳум намоз, даҳум ҷиҳод! Ин сифати нафси ломеа аст. Муҳаммад бинни Ҳоруни Сараҳсӣ сифати нафси аммораро баён кун.

Ҳамагон ба Ҳорун менигаранд. Вале ӯ ба гумоне, ки амир Исмоил ба гуноҳи ӯ ишора дорад, хомӯш мемонад ва ҳозирон аз ин сукути ӯ ҳамчунон аз як пайомади ногуворе, ки гӯё вай муртакиби он шуда бошад, шак мекунанд. Вале амир Исмоил ҳеҷ қасде ба ишора кардани гуноҳони ӯро надошт ва фақат мехост, ки ба ёди ишон биёварад: Инсон шудан чист? Ӯ ба ҷавонтарин асҳоби худ - Аҳмад муроҷиат мекунад.

  • Инсон бар куфри хеш чун чира мешавад?
    Аҳмад: Бо он даҳ сифоте, ки шоҳам ёдовар шуданд.
    Амир Исмоил: Оё куфр сифот дорад?
    Аҳмад: Оре.
    Амир Исмоил: Баён кун.
    Аҳмад: Аввал чаҳл, дуввум хашм, саввум буғз, чаҳорум қаҳр, панҷум кибр, шашум кина, ҳафтум ҳасад, ҳаштум бухл, нӯҳум нифоқ ва даҳум ғайбат.

Амир Исмоил: Пас чун аз шумо сифоти инсони ворастаро, озодаро тақозо кунам, ки ба даҳ дараҷа ҳосил шавад?

Ин нафси мулҳама аст: аввал илм, дуюм ҳикмат, сеюм имон, чаҳорум дониш, панҷум меҳр, шашум вафо, ҳафтум рақсу самоъ, ҳаштум ваҷд, нӯҳум ҳалолат ва даҳум қабули сухан... Ва он гаҳ расидан ба шинохти нафси мутмаина аст, ки он низ даҳ сифат дорад: аввал илми ҳаё, дуюм сабри тамом, сеюм тасолим, чаҳорум ризо, панҷум адл, шашум эҳсон, ҳафтум шафқат, ҳаштум авф, нӯҳум фано, даҳум қаноат. Ин расидан ба ман арафа нафсаҳуст. Ин шинохта-ни нафси худ аст... шумо фаромӯш кардаед? Вақте ишон расолати хешро дар ин будан аз ёд мебарад қонуни дод ба майдон меояд. Ин қонуни ба мисли мӯ борик ва монандӣ-и тег бурро мебошад. Ман шуморо бо тамоми ҷиддият

пешина
аз 675
навбатӣ