Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
бирасон, ки интизори мо нашаванд, ба роҳ бароянд.
Абуғоним Ҳомид: Ман барои ин густохиям узр мехоҳам...
Амир Исмоил: Боз чӣ шуд?
Абуғоним Ҳомид: Ҳар ҳукме, ки сари хашм бароварда мешавад, боиси пушаймонӣ мегардад. Ман мехоҳам амирам дар ин амр шитоб накунанд. Ас-сабру мифтоҳ-ал-фараҳ!
Амир Исмоил: Аз ту гумон надоштам. Афсӯс, одам шинохтанӣ набудааст! Чанд лаҳза пеш ба ту ҳасад мебурдам...
Абуғоним Ҳомид: Амирам беҳуда гумони бад мебаранд, ман ҳатто дар андешаам ҷуръати чунин ниятеро накардам.
Амир Исмоил: Агар ман дар қиболи эшон ғалат рафтам, узр мехоҳам. Аз хастагист. Акнун бирав...
Амир Исмоил баъди рафтани Абуғоним Ҳомид танҳо мемонад.
Сарбозоне савор бо садои ҳайуҳӯ аз дунболи қулоге медаванд.
Ва қулоге гирифта ба минқор ҳамоиле мурассаъ, дар паҳнои беғубори осмони нимарӯз бо ҳарос парвоз мекунад.
Ва зане бо лобаву зорӣ аз сарҳангҳои амир Исмоил мадад металабад: “Ҳамоилам мурассаъ ба чанд дона ёқут буд..."
Мардуми ҳангомаҷӯ аз хонаҳо ба кӯчаҳо рехта буданд.
Ва занону духтарон бо нигоҳҳои пур аз суол бар бомҳо шуда....
- Чӣ воқеа? Чӣ ҳодиса?...
- Қулоге ҳамоили занеро рабуда...
- Чӣ беҳуда!
Амир Исмоил: Ин ҷо касе мондааст? (Хоҷиби сарой ба шитоб меояд.) Чаро ба кӯшк андар садое дар намеояд?
Хоҷиб: Ҳама шаҳр ба дунболи қулоге мегарданд.
Амир Исмоил: Чӣ хел қулог?!
Хоҷиб: Намедонам.
Амир Исмоил: Пас бираву бифаҳм!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё