Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

меандозад.

Амир Исмоил: Мо наметавонем кори худро нотамом бигзорем ва бозгардем. Масъулияти оромиши ин хитта аз кишвар дигар бар гардани мост... Мо фақат Амри Лайсро асир гирифтаем ва намедонем сарони лашкари фирории ӯ бар сари чӣ хаёле доранд. Мо ҳанӯз толиби сулҳем. Мо мехоҳем ишон бо оромӣ ба хонаҳои хеш баргарданд. Агар бо мо ҳамроҳ шаванд ва дар кори якпорча сохтани кишвар бо мо ҳамдастӣ намоянд аз гуноҳи ишон мегузарем, вале дигар намегузорем касе алами исён боло кунад. Ман аз шумоён мепурсам: оё барои таҳкими ин ормон бо амири хеш ҳамқавл ҳастед? Оё тайёред ӯро ҳамроҳӣ кунед?

Боз сипоҳ бо садои шаҳоббор суханони шоҳи хешро истиқбол менамоянд.

Амир Исмоил: Худованд тавфиқро рафиқ гардонад.

Амир Исмоил аспашро гардонда босуръат аз қалъа бадар меравад. Сарони сипоҳ чанд фосила аз дунболаш асп метозонанд. Сипоҳ ба роҳ мебарояд: дар сафи пеш саворанизом пасон пиёданизом. Мардуми шаҳр ишонро то дами дарвозаҳои шаҳр гусел мекунанд. Занону духтарон ва наврасон аз болои бораҳо ба сӯйи сипоҳи дар ғубори роҳ нопадидшаванда даст меафшонанд.

ҲИРОТ

Кушки амир

Посбонони амир Исмоил як гурӯҳ мардони муҳташамро, ки қасди вуруди кушкро доштанд, бозмедоранд.

Рӯзбон: Истед. Шумо кистед?

Онҳо аспҳои хешро қарор медиҳанд ва пиёда мешаванд. Марде солхӯрда аз миёни ишон ҷудо шуда ба назди рӯзбони кушк меояд.

Марди солхӯрда: Мо аз бузургони ин шаҳр ҳастем ва мехоҳем ба хизмати шоҳ Исмоил бирасем.

Рӯзбон: Амирам тоза аз роҳ расидаанд ва хастаанд.

Марди солхӯрда: Ҷонам ба фидоят, мушкиле дорем ба назди шоҳ, таъхирнопазир.

Рӯзбон: Ҳамин ҷо бошед.

Рӯзбон сарбозеро, ки дар он атроф буд, ба “наздаш даъват

пешина
аз 675
навбатӣ