Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз дурҳо садои суруде ба гӯши эшон мерасад. Амир Исмоил аспашро нигоҳ дошта, гӯш сӯйи овоз фаро медиҳад. Овози суруду даф аз боғе меомад, ки фақат нақароти он бо овози ҳамхонӣ баланд буд:

Ҳар кас ки мусулмон набувад ёри араб,
Бад кардаву баднамой, бад кори араб.
Ҳар кас ба араб ситезаву ҷангӣ кунад, э бобо,
Не шири шутур хоҳаду не дидори араб...

Амир Исмоил: Ҳанӯз мардуми мо аз араб бадаш меояд. Хоҷаи Бузург: Зеро онҳо паёми пайғамбарро фаромӯш карданд. Алайҳи зулму бедод хестанду худ зулму бедод гарданд. Мардум зулмро қабул намекунад...

Амир Исмоил: Султаи бегонагон ҳамеша дар тори номуси мардум нохун мезанад. Эҳсоси нафрат ба душман дар мардуми мо он қадар бузург аст, ки бо эъломи ғазавот зану мард ба по мехезанд. Магар сокинони шаҳрҳои шимоли кишвар мардумони ғозии мо нестанд?! Мегӯянд, ки мардумони Тирозу Фороб аслан мардумони Байканду Бухоро, Нахшабу Суғд ҳастанд ва ҳамагон ғозиён мебошанд.

Хоҷаи Бузург: Ва мо имрӯз байни онҳо ва қавмҳои саҳроии шимол фарқе намегузорем ва ба эшон низ тамғаи бардагӣ мезанем. Магар Симо-ал-Кабир-гуломи хонадони шумо, аз ҳамин қабил нест?!! Сокинони он шаҳрҳо ҳама мардумони мо ҳастанд, онҳо деҳқонони мо, бузургзодагони ин диёранд.

Амир Исмоил: Дуруст аст, вале ягона, чизе ки ононро бо қавмҳои ваҳшӣ монанд месозад, мазҳаби муштараки эшон аст. Онҳо ҳама баддинон ҳастанд. Аз ин рӯ муносибати мардуми мо ба озодагони шаҳрҳои шимолӣ фақат ва фақат таассуби динӣ аст.

Хоҷаи Бузург: Агар аз рӯйи инсоф гирем, ин гуноҳи онҳо нест. Пеш аз мусалмон шудани мо онҳо ба дини насоро гаравида буданд ва ин чиз ба онҳо халал намерасонад, ки ватанашонро дӯст бидоранд ва онро аз таҳоҷуми мардуми саҳроӣ ҳимоят намоянд. Ин таассубро арабҳо мерос гузоштанд. Дуруст мебуд, агар мо онҳоро ба ислом мегардондем.

Амир Исмоил: Банда низ дар ҳамин фикр ҳастам, вале... аз баъзе омилони меросии хеш дилпур нестам.

Хоҷаи Бузург: Амирам чӣ гуфтан мехоҳанд?

Амир Исмоил: Агар ман ба ғазавот равам, аз имкон дур

пешина
аз 675
навбатӣ