Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Абуюсуф Яъкуб: Ин билод фақат дар замони истило ёфтани аъроб бар Хуросон ба тасарруфи туркҳо даромаданд. Пеш аз ин ҳодиса аз қаламрави Хуросон ба шумори мерафтанд. Мардумони ин шаҳрро — яъне шаҳрҳои Тироз, Фороб аз қавми мо ҳастанд, ҳамагон озодагонанд, вале дар дини насоро. Агар амирам ҳиммат гуморанд, метавонанд бегонагонро аз он хитта биронанд ва ишонро боз ба асли хеш бипайванданд. Имрӯз ин озодагон ва деҳқонон дар хидмати туркҳо мебошанд ва мардумеанд часур, диловар ва силоҳшӯр.
Амир Исмоил: Агар мо қудрати ҳарбии худро мунтазам боло набарем, дур нест, ки ба ҳоли ишон гирифтор шавем. Ҳамеша бояд дар баробари душман ҳушёр буд. Он рӯз мабод, ки ин шабушхӯрҳо бо алқоби озодагону хоҷагон муфтахир гарданд...
Дигар ин ки мехоҳам дар ҳар вилоят то ду ҳазор сарбозони савора дошта бошам ва фақат ба ман итоат намоянд. Таъминоти ишон аз ҳисоби хироҷи вилоят ва узлу таъини ишон ба дасти ман мешавад. Хоҳишмандам то фардо афсарони варзидаде, ки лоиқи ин маъмурият бошанд, ба ман пешниҳод менамоянд...
БУХОРО
Амир Исмоил, Хоҷаи Бузург паҳлӯ ба паҳлӯ ва чанд сарбозе аз пасашон аз дарвозаи ғарбии шаҳри Бухоро хориҷ мешаванд. Киштзорҳои фарроҳ, боғистонҳои хуррам дар баробарашон намудор мегардад. Амир Исмоил лаҷоми аспашро, ки то ин дам ба сарвақти худ мерафт, пас мекашад ва аспи саманди сафедаш ҳаракаташро суст карда, юрга меравад. Хоҷаи Бузург барои он ки бо амир Исмоил паҳлӯ ба паҳлӯ равад, аспашро медорад. Вақте ки онҳо баробар мешаванд, амир Исмоил мегӯяд:
— Хоҷаи Бузург ҳавои Бухороро чун ёфтанд ва ё ҳанӯз ёди Самарқанд мекунанд?
Хоҷаи Бузург: Кишвари мо ҳар мавзеъаш таровату зебоии ба худ хос дорад, ки намешавад якеро ба дигаре монанд кард. Бухоро хосияте дорад, ки бо як бор дидан наметавон барои абад аз он дил канд. Ин ҷаззобият буд, ки амирамро ба худ кашид, чӣ ҷои гап ки мо парем!...
Амир Исмоил: Бухоро дигар аст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё