Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кардан мехоҳам. Ҳамин ҳоло.

Хоҷаи Бузург ба амир Исмоил ҳамчун аломати ризоиятмандӣ таъзим намуда баромада меравад. Амир Исмоил танҳо, андешамандона ин тарафу он тараф қадам мезанад ва бо гузаштани лаҳзае гӯё амри муҳиме ба хотираш расида бошад, меистад, ба атроф назар меафканад ва ба сӯйи боргоҳ меравад. Боргоҳ хилвату торик аст. Пардаҳои зарбофти панҷраҳоро ба як тараф мекашад: Рӯшанӣ бо каҳолат ба толор мехазад. Ва тасвирҳо аз қабати пардаи ҳаририи сияҳфом бо рангҳои хира намоиш мешаванд. Ӯ ба тасвирҳо хира мешавад, ба онҳо ба таҳқиқ менигарад ва оғози қиссаи тасвирҳоро пайдо кардан мехоҳад. Ба мақсад барандохтани парда аз тарафи дари вурудии толор меравад. Ва бо эҳтиёт аз гӯшаи парда мекашад, парда аз рӯйи тасвирҳо мелағҷад, ҳамчу мубе мерезад. Тасвирҳо бо ҷилои тозаи рангҳо намудор мешаванд.

Ардависур Аноҳито бар тахт нишастааст. Пояҳои тахташ сурати Симурғро доранд, вале бо усули дигар, пойҳояш сагона, бо як шоху болҳои бузург тасвир ёфтааст. Ардависур Аноҳито тоҷи бо гулҳо муаззам бар сар дорад, бар бозувонаш тасмаҳои рангоранги ҳарирӣ ҳамоил шуда. Бар як даст зангулаву бар дигар барсом гирифта. Аз тарафи чап марде дар даст ороиш ба сӯйи вай меояд ва аз тарафи рост марде бар даст миҷмари оташ.

Чаҳор марди дигар бар дасти чап гирифта миҷмарҳо саф кашидаанд. Онҳо бар рӯйи замин истодаанд. Нилуфарҳо шукуфтаанд. Уфуқ то ба зонуи онҳо тасвир шудааст. Аз нимруҳашон маълум аст, ки риш надоранд ва мӯяшон муҷаъаду сиёҳ аст, ва бар тан либоси сурх пӯшидаанд. Фараҳвашиҳо дар либоси пуршукӯҳ, бо тоҷҳои мурассаъ, ва аламҳои гирд дар манзараи осмон тасвир шудаанд. Ин хонумҳои зебо ҳамчун арвоҳи муҳофиз аз ҳамвории андоваи девор бурун омадаанд.

Қисми калони деворро нигораи муҳосираи қалъа ташкил медиҳад. Дар ин деворнигора ҳамчунин саҳнаи тоҷгузории шоҳи суғд, арабҳо ва ғайра тасвир ёфтааст. Манҷаниқе беруни девор аст. Андешаи амир Исмоил садо медиҳад: "Шоҳи Суғд-Хоҷаи Самарқанд. Ишғол шудани Самарқанд аз ҷониби аъроб..."

Хоҷаи Бузург бо чанд нафар вориди боргоҳ мешаванд, вале амир Исмоил ҳузури имонро ҳис намекунад ва ҳамчунон паси тамошои деворнигораҳо мегардад. Баъди манзараи

пешина
аз 675
навбатӣ