Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Ҳама аз ҳуҷраи амир Наср баромада мераванд. Ӯ худ танҳо мемонад.
Дарахтон ғарқи гул шудаанд. Сабзаҳо дамидаанд. Турнаҳо бо садо аз болои сараш парвоз мекунанд. Ӯ зи дунболи онҳо меравад... медавад... мепарад...
Қасри шоҳ ҳанӯз дар либоси мотам буд.
Амир Исмоил бо Хоҷаи Бузург даруни толори пурсутун танҳо ба танҳо сӯҳбат мекарданд.
Амир Исмоил: Агар тамоми умр ба азои бародар бишинем, ӯро дигар нахоҳем ёфт. Дигар бояд ба амри қазову қадар тан дод ва хилофи хости Худованд набояд эътироз кард... Чӣ чора, ки зиндагӣ корвони пешу қафост... Зиндаҳо бояд аз паси кори хеш шаванд, вагарна Азроил сари мӯ ба кас фурсат намедиҳад.
Хоҷаи Бузург: Аз марг касеро амон нест. Аз одам ба мо ҳамин мерос аст.
Амир Исмоил: Ман ба зудӣ мехоҳам ба Бухоро баргардам.
Хоҷаи Бузург: Ба Бухоро?
Амир Исмоил: Оре. Маркази мамлакатро бояд ба Бухоро кӯчонем.
Хоҷаи Бузург: Самарқанд чӣ мешавад?! Охир пойтахт дар ҷои амн қарор дорад ва аз дастҷӯшии душманон ба дур аст. Маҳз ҳамин ҷиҳати Самарқандро ният шумо писандидаанд ва маркази қаламрави хеш қарор додаанд.
Амир Исмоил: Самарқанд дар ҷалолу шукӯҳи хеш ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Вале имрӯз амну осоиши мамлакат аз худи мо вобаста аст. Ба қудрати ҳарбии мо марбут аст. Аз ин лиҳоз мавқеъ ва мавзеи марказ беаҳамият мешавад. Сониян, чаро мумкин нест Бухоро ба қалби як давлати муқтадир табдил диҳем?! Алҳол вазъият тақозо мекунад, ки марказро кӯчонем. Ин амал чандон ба хости мо бастагӣ ҳам надорад...
Хоҷаи Бузург: Боз амирам беҳтар медонанд.
Амир Исмоил: Дар ин амр, умедворам, хоҷа маро дастгирӣ хоҳанд намуд.
Хоҷаи Бузург: Хости амир амр аст. Кӣ метавонад аз амри амир сар бипечад?!
Амир Исмоил: Дар ин хусус бо бузургони мамлакат машварат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё