Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

намудӣ. Аз ин лаҳзаҳо буд, ки нигаронии ман аз ҷониби ту оғоз гардид.

Амир Исмоил: Ман ноилоҷ будам. Ҳукумат кардан қудрат мехост, ман онро надоштам. Бинобар ин худро ҳамчун лутии маскарабозони бозор ба маъраз гузоштан нахостам. Бузургони тоза ба давлатрасидаи Бухоро хилофи андешаи ман амал мекарданд. Ман на зар доштам на шамшер. Ман ноилоҷ аз бими осӣ шудан ба худовандигори хеш ба чунин амале даст задам.

Амир Наср: Ман ба ту хашм гирифтам. Ин хашме буд, ки кас ба наздиктарин шахси худ аз сари истигно мегирад. Ман туро танбеҳ додан хостам, то худ бифаҳмӣ, ки чӣ хатоиеро муртакиб шудаӣ.

Амир Исмоил: Ин бузургтарин ҷазо буд. Ман на шаб ором доштам, на рӯз, баръакс ҳар рӯз сангинтар мешуд.

Амир Наср: Ман орзуҳои туро беҳ аз афсонаву хаёлоти кӯдакона қабул накардам. Он чӣ Абулфазлу Симо-ал-Кабир аз ниёти ту ҳарф заданд, бароям хандаовар ва кӯдакона менамуд. Ҳамон вақт буд, ки дар чашмони як замон маъсумонаи ту, кину исён намудор гардида буд.

Амир Исмоил: Дигар ман дар худ тасмим гирифта будам: бо ҳар роҳе, ки бошад, ба мақарри иззи хеш бояд бозгашт. Дигар ман тасмим гирифтам, ки масъулияти аъмолам дар гардани дигарон хоҳад буд. Барои ҳукумат кардан бар дигарон қудрати ҷобира зарурат дорад. Дастёбӣ ба ин қудрат ҷуз бо роҳи исён ба даст нахоҳад омад. Қудрат ин ҳам зар асту ҳам шамшер. Ман барои дарёфти ин ду қувваи қудратсоз аз баҳри ҳама чиз гузаштам.

Амир Наср: Ту дар тасмимоти худ он қадар дур рафтӣ, ки хостӣ бо кӯмаки бегонагон теша ба решаи хеш занӣ! Тамоми заҳмати ҷадд бар ҷаддатро бар бод диҳӣ?!

Амир Исмоил: Ба мисли имрӯз... Вале касе ӯро насиҳат кард.

Амир Наср: Оё донистӣ, ки ӯ кӣ буд?

Амир Исмоил: Оре, Ҳамӯя бинни Алӣ. Ӯ бо насиҳати хеш моро аз инхитот нигоҳ дошт.

Амир Наср: Оё гумон мекунӣ, агар ин марди наҷиб намебуд, ҳодисот ба мисли имрӯз сурат мегирифт?!

Амир Исмоил: Ман ӯро барои ин хизматаш дар назди хонадони Сомонӣ азиз доштаам ва то ҳастам, аз дари қадршиносӣ бо ӯ дӯстӣ хоҳам кард ва арҷ хоҳам гузошт.

пешина
аз 675
навбатӣ