Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Амир Исмоил (хашмгинона): Ба назди худовандигори хеш фурӯд намеоӣ?! Носипоси палид!

Исҳоқ худро аз асп ба зер афганд ва худро ба пойи амир Наср партофту заминро бӯса дод.

Исҳоқ: Узр мехоҳам, ки натавонистам зуд аз асп фуруд оям ва замини бандагӣ бӯса диҳам, зеро ин аспи ман тавсан аст ва аз вай ба зудӣ фуруд натавон омадан.

Амир Исмоил: Ё амирам, савоб он аст, ки зуд ба мақари иззи хеш баргардӣ, пеш аз он ки ин хабар он ҷо расад ва раият бишӯранд дар миёни Мовароуннаҳр.

Амир Наср: Ё Абоиброҳим ин тӯй, ки маро ба ҷои хеш мефиристӣ?!

Амир Исмоил: Агар ин кор накунам, чӣ кунам?! Ва бандаро ба худовандигори хеш ҷуз ин муомила нашояд кардан, ки ҳар чӣ муроди ту бошад.

Амир Наср: Ҷиддӣ равад ё ҳазл мегӯй?!

Амир Исмоил: Маозаллоҳ, ки маро дар ҳазрати ту маҷоли ҳазл бувад?!

Амир Наср (худ ба худ): Намефаҳмам... Ё Абоиброҳим ин тӯй?! Ман намешиносам.

Амир Наср: Ҳамеша дар андешае будам, ки ба ту арзи лоиқи истеъдодатро биёзорам, то рӯҳи падарамон ором гирад. Ӯ доим исрор менамуд, ки беш аз дигар бародарон мувозиби ту бошам. Падар ту бародари хеш Илёсро медид. Вале ман худи ӯро меёфтам: ҳам оқилу ҳам силаҳшӯр. Ин фазилатҳоро ҳеҷ як аз бародарон ба таври куллӣ дар хеш надоштанд. Ту будӣ, ки ба ман қуввату умед мебахшидӣ. Беш аз дигарон ба ту бовар доштам. Кирдору гуфторат дар ман чунин тасмимотро тавлид мекунанд. Ин мавқеъ ҳам фаро расид. Туро ба ниёбати хеш ба Бухоро фиристодам. Дигар дар хусуси ту хотирам осуда шуда буд.

Амир Исмоил: Оре ин манам, гунаҳкоре, ки ту худ ӯро парваридаӣ. Гунаҳкоре, ки ҷуз ҷанг бо куффори шимол дигар кореро намедонист ва аз лаззати ҳукумат кардан бар дигарон бебаҳра буд. Ҳама зиндагониаш омӯзишу пайкор буд. Ӯ бо уламо ҳадис аз қавли падар нақл мекарду ҷангро ҳамчун шикор дӯст медошт ва бо ин қаноатманду озод буд. Ин ки мебинӣ, парвардаи худи туст. Ту худ ӯро ба коми озу ниёз андохтӣ.

Амин Наср: Вале ин осудаҳолӣ дер давом накард. Ту умедҳои маро ба якборагӣ барбод додӣ. Худсарона амал

пешина
аз 675
навбатӣ