Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Худованди ҷони хирад ёру мадагор бод!

Майдони ҷанг

Аз ду тарафи муқобил лашкарҳо бо ҳам мерасанд ва садои таку туки шамшерҳо ба осмон мепечад. Аз он тарафи набардгоҳ амир Наср бо иддае сарбоз болои гаревае истода, рафти ҷангро назора мекунад. Амир Исмоил бо дар гирифтани ҷанг бо сарбозонаш ба майдони набард наздик мешавад. Баъди хеле ҷангидан қарибиҳои нисфи рӯз лашкари амир Наср ба парешоншавӣ оғоз мекунад ва қарибиҳои намози аср ба пуррагӣ мунҳазим мешавад. Амир Исмоил ба сӯйи гаревае асп метозонад, ки он ҷо амир Наср бо иддаи ками сарбозаш истода буду ба ҷанг назора мекард. Саворанизоми хоразмиҳо ба амир Наср метозанд ва дар ҳамин вақт бонги амир Исмоил баланд мешавад.

Амир Исмоил: Истед! Аз амир даст бардоред!

Саворанизоми хоразмӣ боз меистад. Амир Наср бо чеҳраи рангпарида ба сӯйи соҳиби овоз менигарад. Амир Исмоил аз паси гарева сар мебардорад ва ба сӯяш меояд. Аз асп пиёда мешавад ва рикоби аспи амир Насрро гирифта бӯса медиҳад. Ҳанӯз амир Наср карахт аст, аз шиддати изтироб меларзад, ранг дар рӯй надорад. Амир Исмоил барои аз асп фуруд омадани бародараш дасти кӯмак дароз кард, вале амир Наср бе мадади ӯ аз асп поин омад. Дигар пойҳояш тавони ӯро доштан надоштанд. Маҷбур зонувонашро ба замин гузошт. Амир Исмоил зонувони бародарашро бӯса дод. Ҳамчунон амир Наср карахту мот буд, ӯро бар тахт нишонд.

Амир Исмоил: Ё амир, ҳукми худой ин буд, ки маро бар ту пирӯз овард. Ва мо ба чашми хеш мебинем: ин кор бадин азимиро.

Амир Наср: Мо мутааҷчибем бад-ин кор, ту овардай, ки итоати амири худ надоштӣ ва фармоне ки худойи таъоло бар ту карда буд, нагузоридӣ.

Амир Исмоил: Ё амир, ман мақаррам, ки хато кардам ва ҳама гуноҳ марост ва ту авлотарӣ ба фазл, ки ин гуноҳи бузург аз ман даргузарӣ ва авф кунӣ.

Дар ҳамин вақт Исҳок бинни Аҳмад бирасид ва аз асп фуруд наёмамад. Аспаш бар замин пой мекуфт беқарорӣ мекард.

пешина
аз 675
навбатӣ