Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба мисли овони кӯдакиву ҷавонии бо ӯ гуштӣ гирад. Фақат ҳамин қадар меандешад, ки “ҳар чӣ дар бораи ту мегӯянд, дурӯғ аст. Ту ҳамон Абоиброхими сахиву одилӣ, ту ҳамон ҷавони вафопешаву пурсӣДКӣ. Боқӣ ҳама дурӯғ аст!”. Онҳо дурӯғ мегӯянд, бузургонро, озодагонро бар зидди ту мешӯронанд...”

Амир Исмоил: (ба Мусии Марзӯк) Мо дар Бухоро бо ҳам мулоқот хоҳем кард, ба мисли солҳои пеш.

Сарбозҳо дастҳои ӯро аз банд раҳо мекунанд ва аз чодар бадар мебаранд.

Амир Исмоил: Мо имрӯз то бад-он ҷо кӯшидем, ки зарбаҳои сахти лашкари Фарғонаро ханасӣ кунем. Агар фардо низ ҳамчунин идома кунад, мо бегумон шикаст хоҳем хӯрд. То ба ҳол аз ҳеҷ ҷо ба мо кӯмак намерасад, аз амир Абуяъқуб Исҳоқ дарак нест. Мо наметавонем бидонем, бузургони давлат дар Бухоро ба чӣ коре машғуланд.

Ҳамӯя бинни Алӣ: Абуяъқуб Исҳоқ ҳоло ба қароргоҳ фуруд омадаанд ва дам ба дам ба хизмати амирам мерасанд.

Абуяъқуб Исҳоқ, Абузакриё Яҳйё ва Абумуҳаммади Бухорхудо ва чанд бузургзодаи бухороӣ вориди чодар мешаванд. Амир Исмоил бародараш Исҳоқро ба оғӯш мекашад.

Амир Исмоил: Бузургтарин ҳадия...

Исҳоқ: ...гузашт аст!

Абӯмуҳаммади Бухорхудоро ба оғӯш мекашад.

Амир Исмоил: Мо маломати шумо мекардем.

Бухорхудо: Амирам дил қавӣ гардонанд, ки ду ҳазор ғозили бухороӣ ба ҳимояти амири хеш омадааст. Абузакриё Яҳёро ба оғӯш мегирад.

Абузакриё: Ду ҳазор маволию ғулом ва фирорӣ даст ба камари бандагии амирам зада...

Амир Исмоил: Ман аз дидори ҷанобон бағоят шодам. Худованд моро аз даргоҳи пуринояти хеш ноумед нагардонод!

Исҳоқ: Умед аст, ки дарҳои биҳиштро на танҳо дар он ҷаҳон, балки дар ин ҷаҳон низ ба рӯйи мо боз мекунад.

Амир Исмоил: Фардо рӯзи сахте дар пеш дорем ва имрӯз набарди сангинеро ҳам паси сар гузоштем ва ҳама хаста шудаанд ва бародарон, ки аз роҳ расидаанд низ хаста шудаанд. Ҳарчанд саги дайду беҳтар аз шери хобида аст. То бомдод дар паноҳи худованди бахшояндаву меҳрубон бошед.

пешина
аз 675
навбатӣ