Зеҳн
Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷодари Амир Наср

Абулашъас: Пирӯзӣ бо мо буд, то он замон ки амир Исмоил худ вориди майдон шуд, гурезагони лашкараш ба набардгоҳ баргаштанд. Амир Исмоил бисёр хуб меҷангид. Ҳарчанд хостам худро ба ӯ бирасонам, натавонистам. Ӯ Аҳмад бинни Мусии Марзуқро маҷрӯҳ сохт ва асир гирифт.

Амир Наср: Хоҳиш мекунам, дар ҳузури ман он нагунбахт ёд накунед, ки шунидани номашро намехоҳам.

Абулашъас: Амирам маъзурам, алҳол лашкари мо афзалият дорад ва Худо агар хоҳад фардо натиҷаи набард маълум мешавад.

Амир Наср: Ин бор ба сарбозонатон бифаҳмонед, ки фардо бароишон роҳи Самарқанд бурида аст, ҷойи гурез надоранд, то охирин қувва бояд мубориза баранд. Дар ин амри муҳим далеливу тадбири ҳар гурӯҳбон бояд шоистаи тақдир ва пайравӣ бошад. (Меандешад). “Аз амир Исмоил бояд омӯхт!”

ТАВОВИС

Чанд сарбоз Аҳмад бинни Мусии Марзуқро ба дастҳои баста ва тани маҷрӯҳ ва либоси даридаву хунолуд вориди ҷодар мекунанд. Амир Исмоил бо ворид шудани ӯ аз ҷой мехезад.

Амир Исмоил: Чаро дар чунин вазъе?! Магар фаромӯш кардаед, ки ӯ кист?!

Хусайни Аъло: Ӯ хасми мост ва бо хасми хеш ҷуз ба хориву зиллат муносибат намекунанд.

Амир Исмоил: Ӯ хасми мо нест, балки ҳамчун озодмарди ин кишвар ба амири хеш содиқ аст ва тибқи ин садоқат амал намудааст. Ӯро аз банд раҳо кунед, захмҳояшро марҳам ниҳед, бо иззат он чӣ лоиқи шаъни ӯст, ба Бухоро фиристед.

Мусии Марзуқ бо ҳайрати тамоми ба амир Исмоил менигарад ва ашк аз чашмонаш мерезад, мехоҳад арзи сипос намояд, забон бар комаш часпидааст. Ӯ наметавонад аз шодӣ боло биҷаҳад ва амир Исмоилро ба оғӯш кашад ва

пешина
аз 675
навбатӣ