Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Исмоил: Агар мардуми Самарқанд ба Абулашъас шӯрида бошанд. Пас ҳама ба ҷанг омадаанд. Онҳо мардумони сипоҳшӯр ва ғозипеша ҳастанд. Ва ман гумон мекунам, ба Самарқанд қафо нишастани Абулашъас маҳз бо ҳадафи барангехтани мардум ва расидан ба виҷдони эшон будааст, на пирӯзии мо.
Ҳусаини Аъло: Мо аз лашкари эшон асирони зиёде гирифтаем ва майдони ҷанг қариб ҳама аз мурдагони эшон буд.
Амир Исмоил: Бо асирон хуш муомила кунед, онҳо мардуми мо ҳастанд ва ҳеҷ гуноҳе надоранд. (худ ба худ) Ҳама гуноҳ морост. Мо онҳоро ба чунин амали маргбор барангехтаем... (меандешад) “Ду шоҳ ба як кишвар намеғунҷад, ҳарчанд бародар буда бошанд...”
Майдони ҷанг
Бо дамидани субҳ дуҳулҳову шайпурҳо ба садо дар меоянд, лашкарҳо ба ҷони ҳамдигар дар меовезанд. Қувваҳои нав ба нав вориди майдон мешаванд. Лашкари амир Исмоил лашкари амир Насрро пас мезанад ва дунболагири эшон то Рабинҷон меравад. Абулашъас бо қувваҳои нав ба ҷанг медарояд ва Ҳусаини Аълоро шикаст медиҳад.
Ҳамӯя бинни Алӣ: Агар қувваҳои нав ба кӯмаки мо наоянд...
Амир Исмоил: (сухани ӯро бурида) Ба тарсу ҳарос наяфтед.
Ҳамӯя бинни Алӣ: Сарбозон фирор мекунанд.
Амир Исмоил: Дар байни лашкар ҷор занед, ки аз майдон фирор кардан ҳам ба масобаи кушта шудан аст. Амон ёфтан фақат дар ғалаба кардан аст!
Ҳамӯя бинни Алӣ аспашро баргардонда ба набардгоҳ меравад. Амир Исмоил бо бародараш Абузакриё Яҳё иддаи ками сарбозон мемонанд.
Амир Исмоил: Зуд ба Бухоро баргардед, гурезагонро ҷамъ оваред ва аз ҳисоби ғулому маволиён лашкар бисозед. Агар Абуяъқуб Исҳоқ ба Бухоро расидааст бе диранг ба набардгоҳ ояд. Фирориёнро низ бо эшон ҳамроҳ созед. Ба Муҳаммади Марвазӣ ва дигар бузургон бирасонанд, ки аз ҳисоби озодагон ва ғозиён лашкар танзим намоянд. Худо мадагори шумо бод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё