Девори Хуросон

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, ба таърих ва фарҳанги гузаштаи мардуми Хуросон бахшида шудааст. Он ба муносибати ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён таҳия ва нашр гардидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 675 саҳифа
Амир Наср: Пас дигарбора саркашӣ кардан, ҷангро ангехтан ба рехтани хунҳои ноҳақ, сабаб шудан ба чӣ хотир буд?! Қудрати мутлақа?! Ман?!
Амир Исмоил: Намояндагони садоқати хеш ба худовандигори худ. Баъди воқеаҳои понздаҳ моҳи пеш байни мо сафо барнагашт. Амирам аз мо будгумон кинаҷӯ ва бо хашм баргаштанд. Дубора ёфтани садои пештара бароям бо дигар роҳе имконпазир набуд. Ман мебоист ин сафоро ё бо хуни хеш ва ё хуни дигарон бармегардондам. Оре дарегам меояд аз ин хунҳои нобаҳақ рехта, ба занҳои бевамонда, ва кӯдакои бепарастор, киштзорҳои харобшуда, деҳоти сӯхтаву валангор андешаҳои пурбим, виҷдониҳои ноором... Каффорати ин ҳама бар гардани ман аст, ба шарте тавониста бошам сафову меҳрубонии худовандигори хешро ба сӯи худ баргардонда бошам. Ту бузургӣ, маро авф бинмо ва аз гуноҳам бигзар. Ман ҳамон Абоиброҳим, бародари туам, ки худ ҳамчунон баробари худ дарёбӣ. Ман дигар битамом меҳру садоқати хешро дар пойгаҳи ту рехтаам, ва худро урён намоёндаам, маро дарёб, қазоват кун, авф бифармой. Ин Абоиброҳим аст, ки дигар то ба қиёмат бо ин эҳсоси вафодорӣ, бо масъулияти як фарзанди падар, ҷокари ту боқӣ хоҳад монд.
Амир Исмоил худро ба пойи амир Наср меафканад ва ғубори онро ба оби дида мешӯяд. Амир Наср аз тахт поин меояд ва бародарро аз хоки зиллат бардошта ба оғӯш мегирад. Ӯ низ ба риққат меояд ва ашк мерезад. Амир Исмоил бо овози аз ҳаяҷон ларзону гирифта мегӯяд:
- Пеш аз он, ки ин хабар ба пойтахт расад ту бояд ба мақарри иззи хеш баргардӣ.
Амир Наср: (ашқашро пок карда бо овози хафӣ). Ҳанӯз боварам намеояд.
Амир Исмоил: Фурсат кам аст.
Амир Насрро бар асп мешинонанд ва бародарон Исмоилу Исҳок аз чапу рост рикоби бародари бузурги хешро гирифта, то як манзил ба ин минвол ӯро гусел мекунанд. Аз паси онҳо бузургони Бухоро бо ҳамроҳии Симо-ал-Кабир, Абдулло бинни Муслим, Аҳмад бинни Мусии Марзук меоянд. Амир Исмоил баъди паймудани як манзил роҳ бо амир Наср видоъ мекунад ва дар фарҷом мегӯяд:
- Ман камокон дар Бухоро ба инобати ишон боқӣ хоҳам буд ва қадам аз тариқи ҷокариву фармонбардорӣ фаротар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё