Зеҳн
Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.

Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Дар мулки падар бародарум мебояд,

Дар мулки ғариб хоҳарум мебояд.

Рӯзе ки сарум фитод дар бистари ғам,

Сад сина кабоб модарум мебояд.

Ин хонаи бологира кай мебинум,

Ин ёраки рафтагира кай мебинум.

Мебинаму мешинаму ёрҷонам нест,

Санг(ҳ)ои хунука дар ҷигар мебинум.

Рӯзе, ки ба деҳи Ғорон сафар мекардум,

Чида гули торона ба сар мекардум.

Аз дастаки ёр куртаи сурхи Роғӣ

Шабҳои дароза ман саҳар мекардум.

Эй духтаракон, ки меравед тай таи тай,

Овоз(ҳ)ои хуб доред ба монандаи най.

Гуфтам биравам бӯса занам аз рухи вай,

Хандиду ба ғамза гуфт, ай рӯи ту бай.

Дуто духтар таи девор мерафт,

Яке пешу дигар дунбол мерафт.

Ман қурбони ҳамон пешинадухтар,

Ки моҳи чор дар дунбол мерафт.

Мондаст ба Ғорон гули садбаргум,

Аз рӯи муҳаббатут дили пурдардум.

Кай бошаду кай, ай гули садбаргум,

Парвона шавум гирди сарут мегардум.

Як ёраки ҷон дорум Маскав ватанаш,

Аз барфи замистон сафедтар баданаш.

Гуфтам биравам хайма занам дар ватанаш,

Як хаймаи нозада баромад хабараш.

Дур аз назарум, дур ба дур аз назарум,

Абрешими шаштораву банди ҷигарум.

Ҳар гоҳ, ки ба ёрак(ҳ)ои мардум менигарум,

Об аз ду рухум резаду хун аз ҷигарум.

Зардиназанак гулоб гардад комаш,

Румоли паропеч қади ларзонаш.

Ман дӯст надорум, ки кунум пайғомаш,

Дар барги гули сурӣ нависам номаш.

Ало ёрҷон, муборак бошад бахтут,

Гули мехак бикорум даври тахтут.

Гули мехак бикорум бӯй надорад,

Худум гул мешавам бо гирди тахтут.

Шамолак мевазад бо хасу хоша,

Рафиқи бевафо ҳаргиз набоша.

Рафиқи бевафо суҳони умр аст,

Ки мағзи устухона метароша.

Ба Кобул рафтанут бисту ду шаб шуд,

Ки чашмонум ба роҳат тору таб шуд.

Худут гуфтӣ ба моҳи нав миёям,

Ҷаву гандум ба Шуғнонҷон дарав шуд.

Гул гардани он шевабадан мезебад,

Лабханди арус ба зери лаб мезабад.

Домод, ки дорад нигаҳ аз гӯшаи чашм,

Бар чеҳраи он арӯси шаб мезебад.

Ба ин раҳ меравад модару духтар,

Ки модар баргу бол асту духтар кабутар.

Худоҷоно, маро боша месохт,

Ки мешиштум сари боли кабутар.

пешина
аз 41
навбатӣ