Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Рута ба панҷ панҷа сияҳ кардай.
Санга, ки да қул партовӣ.
Сари салла мебина.
Сияҳдарунӣ нак(у)н.
Сузангулуи ғудорашикам.
Султон омад ай Қошғар, ай чушм куру ай по шал.
Суқсуқа нафармо.
То сару фусук расидем.
Тумбара ай гушут бупарон.
Ту фулу, му труқ.
Фандукта ба худут бгу.
Фандуш да ҷебуш.
Фонаи чуб ай танаи чуб.
Хафхури паси дар.
Хоки қоқ ба девол намечаспа.
Хокистардони пударут иҷо набоша, чӣ лоф мезанӣ?
Худта бармол нандо.
Худта иқа нагӣ.
Худта напшевон.
Худша ба нодонӣ мезана.
Худша морворӣ да афтов питов дохтаст.
Чӣ харворӣ патра задай?
Чуба метурӣ?
Шахи намкаш.
Шинанда барои раванда.
Як бор сарта ба тойсарӣ бимон.
Як гови рхин ҳамара рхин мекуна.
Як каҷук мондаст.
Яксаду сӣ сута задум, мурча хабардор шуд,
Пашша омад, зад лағату фили мо мурдор шуд.
Қатиш ба му раҳ гаштан.
Ҳарҷо, ки тую посуст, Газнии мо руққосуст.
Ҷувонӣ рӯз ба руз, пирӣ як руз.1
Аз гандадара гандашамол меояд.
Аз гови шохзан ағели холӣ беҳтар.
Аз чакук гурехтем, да борон мондем.
Ба бебузука Худо буз надиҳад, аз ҷиг-ҷига ҳама кар мешан.
Ба чак задан рут сурх намешад.
Гап бзанум мезанадум, дам бзанум, мебарадум.
Гап да(р) гандаю шупуш да(р) ҷанда.
Да(р) рузани кофар задан.
Дули ману дули ман, ш(и)ками чақури ман.
Де тау де боло, шандақ бузан.
Дунё, ки ба коми нокасон розӣ шуд,
Асп(ҳ)о рафтану харкура тозӣ шуд.
Мардум да(р) куҷо кучу девона да(р) сартурошӣ.
Мо ба шумо на гундушк, аз сари и хор ба сари ӯ хор,
Мо ба шумо на харгӯш, аз таи и пуш ба ӯ пуш.
Паст бдрав (бидарав).
Рубука ба чухт задаст.
Рут қурут.
Фоси фос – чундури нос.
Хар ба мурдануш бошад, боруш да раҳ намемона.
Шикамсери чушмгушна.
Ҳавои ганда хуб мешад, одами ганда хуб намешад.
Ҳар як кас бараката аз прничуш мегирад, ага нагирад,
Макка брад, меояд, бебарака.
Ҳезумуш троша, ҷези зануш чӣ боша? 1
Ай бекорӣ – кадукорӣ.
Ай бечорагиш луқмара зоғ ай да(ҳа)нуш мебара.
Ай сивуду дандонуш гап намебароя.
Зувордарара Ғардез нагу.
Ай як сувор чӣ гард мехеза.
Аспта хар нагуфтем.
Ба худуш батпаз неву ба диго кочитев.
Ба хурдан, ки сер нашудӣ, ба лесидан намешай.
Бахш ҷудову дандон осуда.
Бегона агар вафо, кунад хеши мануст.
Ин гург агар пашм диҳад, меши мануст.
Бедард давои дарда кай медона?
Бозӣ-бозӣ, мурдум ай хафанозӣ.
Вирди банда – гирди банда.
Да(р) замбурэча, ки санг бзанӣ.
Дил, ки бусуза, ай чушми кур ов мереза
Лухчук да пуштум, Худо накуштум.
Марда дар сафар мешиносан.
Моро аҷаб ояд, ки аз ин зан писар ояд.
На ба Худо бандаву на ба подшоҳ раят.
1 Гирдоваранда: Бодурбекова Муродбегим (1975), зодаи деҳаи Мулвоҷ, сокини ш. Душанбе.
Об ай сари мо гузашту лабҳо ташна.
Ови рехта ҷамъ намеша.
Пеши табиб нараву ай дардпахсида бупурс.
Пойлуч ай ов далер.
Ризқта, ки да сари санг мондӣ, зоғ мебараш.
Хуб, ки шуд, ай мову ганда, ки шуд, ай ту.
Худо дергири сахтгируст.
Эй нокардакор, туро ба ин кор чӣ кор?
Як сару ҳазор савдо.
Як сарукуш як соекуш.
Ҳамсоя – даст соя.
Ғурбатзадаро ёди ватан меояд.
Ҷигар ҷигару дигар дигар.1
Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ,
Ниҳӣ бар сар, бирав ҳарҷо, ки хоҳӣ.
Аз бесамарӣ касе ба мақсад нарасад.
Ана гуй, ана майдон.
Ба мардум табибу ба худут ғариб.
Ба хар бастана лоиқ нест.
Ба чил бангира авқот.
Бедардонро бод аз таг мевазад.
Буза ғами ҷону қассоба ғами чарву.
Гов ки омад, гусола мехезад.
Дарди му ба ту девол.
Душман, ки камбудӣ дига(р) наёфт, мегад думби сагут каҷ.
Ёфтӣ худша бизан, наёфтӣ ҷо(й)ша бизан.
Зеби гардан аз муҳра.
Кал ай ки камуст?
Кӣ мегад хамери му туруш?
Кори бача – хача.
Кури худу бинои мардум.
Мезанумут, аз Қундуз тарбуз миёрӣ.
1 Гирдоваранда: Муборакшоева Бибисултон (1958), сокини деҳаи Шамбедеҳ.
Муши дар омад муши хонара баровард.
На орои шиштану на орои хестан.
Номарда баъди ҷанг ёд миёяд.
Пишук думбара бурду калидон сахт шуд.
Рӯбоҳ думша гувоҳ мекашад.
Рузум биде(ҳ), ки ҷонум ба осонӣ барояд.
Сабр кун, аз ғура ҳалво мепазад.
Саг аз мо, ҷахидан ба боми дигарон.
Саг меҷахад, корвон меравад.
Сакал дарида рӯ ба порги.
Сари мурда чӣ руболо, чӣ калапо.
Сера чӣ парвои гӯш на.
Симурғ ба кӯҳи Қоф нолон аз зан.
Хари мурда полонуш заррин.
Хар ба мурдануш бошад, боруш намемона(д).
Хар, ки пир шуд ирға меша(д).
Хушгов ворӣ мезанумут, пахта ворӣ мешукуфӣ.
Хонашери майдонғариб.
Хубони ҷаҳон ҳар чи кунанд, хуб ояд.
Чил дари чавгонира шандақ задум, чита му ноқобилум?
Чил калу чил калбача,
Сари ҳар кал яки чумча.
Шерону (ҳ)арифона надодум гардан,
Шафтолуи пажмурда чӣ ҷои хурдан.
Шутур каҷии худша намедона(д), ба дигар(ҳ)о каҷ мегад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё