Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
Ғелида рафтем аз роҳ,
Задем дар лаби дарё,
Беҳуш шудан(д) одам(ҳ)о,
Аҷаб азоб кашидем.
Ёқуб гуфто, духтар(ҳ)о,
Дар хушкиет, ё дарё?
Мо намедодем садо,
Аҷаб азоб кашидем.
Дар мошини испидис,
Мора бурдан ба балнис,
Ёрмамада бурд милис,
Аҷаб азоб кашидем.
Ман шоири навқалам,
Навиштум шеър да(р) як дам,
Студент дорад вақти кам,
Ин аст аз қисмати ман,
Аҷаб азоб кашидем.
\* \* \*
Да(р) айлоқтон нест қаймоқ,
Гова задум ба тиёқ.
\* \* \*
Дузанда машав, ки оқибат кур шавӣ,
Бофанда машав, ки зинда дар гур шавӣ.
\* \* \*
Пишак гуфтаст: Мушак чӣ бувад, ки лофу қофаш,
Шамшери каҷу нуқра ғилофаш.
Мушак гуфтаст: Пишак чӣ бувад, аз ӯ бигрезум,
Дар тори бурути ӯ бимезум.
\* \* \*
Кулусук ту аҷаб нонӣ,
Дар дашту биёбонӣ,
Чун санги фалахмонӣ,
Дар гулум дармонӣ.
\* \* \*
Атола то паси сар,
Кулусук ҷонма бихар.
\* \* \*
Афсона саное буд,
Буз марди гадое буд.
Хар париду ҷурте кард,
Буз гуфт, чӣ балое буд?
\* \* \*
Қут-қутус, қут-қутус,
Ба пот медӯзум чамус.
Барои болои бом,
Бонг задӣ ба сад илҳом.
Дили рӯбоҳак кабоб,
Омадаст аз Шаҳритус.
Ғам нахурӣ, ай хурус,
Ҳаргиз тура нахурад,
У нест иқа беномус.
\* \* \*
Куч-кучоник, куч-кучоник,
Мамадалӣ кушта шуд,
Ҳарду зануш бева шуд,
Беваи дармонда шуд, Кучкучоник, куч-кучоник.
\* \* \*
Каду мегум, кадуе,1
Каду хуроки мир аст,
Каду кулчапанир аст.
Каду худта нағелон,
Каду моро натарсон.
Каду мегум, кадуе.
1 Гӯянда: Ғоибназарова Соябегим (1940), зодаи деҳаи Баршор,сокини ш.Душанбе. Гирдоваранда: Олими Ширинбек, соли 2014

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё