Ганҷинаи Ғоронзамин

Ғорон, ҳама вақт ба барфу борон астӣ, Дар асл макони номдорон астӣ. Лаъл дар бағалу чашмаҳот мўъҷизаанд, Сад шукр кунам, фахри Бадахшон астӣ.
Зеҳн · 30 октябри 2024 · 41 саҳифа
ШОИРИҲО ВА ҲАЗЛҲО
Раҳи Седин дуродур,
Седин дорад каҳи зур.
Гову буз аз каҳ махмур,
Бучам намеравад дур.
Зарифбеки меҳрабон,
Худо тура нигаҳбон.
Меҳрат мондаст ба дилмон,
Монанди Ошурбекҷон.
Омад шамоли боло,
Аброра бурд ба Росто.
Оинамои каҷкуло,
Порубта дарун парто.
Эй Гулҷони депутат,
Пулма гирифтӣ қимат.
Шола накардӣ ҳиммат,
Ба мо додӣ як лабат.
Подшобегим меҳрабон,1
Кор кардум ай дилу ҷон.
Дарзома бурдӣ ба бом,
Назрира кардӣ бадном.
1 Гӯянда: шодравон Амонбекова Назрибегим (1932–2014), сокини деҳаи Гармчашма. Гирдоваранда: Нозигул Абибова, сокини деҳаи Гармчашма.
Фаросати меҳрабона мекнум зорӣ,
Зорит бикунум, аҷаб зани хушкорӣ.
Имсоли дига кунем фермакорӣ,
Нонҳои хушру мепазӣ, мекнем норӣ.
Ин кулбаи вайрона ба ту ёфтаанд,
Зулфони туро ба думби хар бофтаанд.
Ту гуфта будӣ, аҷаб ҷувони хубест,
Баҳри ту аҷаб хирсаки нав ёфтаанд.
Ҷононаи ҷон капаи килкин дорӣ,
Худ Нодирамову ёри чиркин дорӣ.
Ман ёри тура ба думби хар мебандум,
Гург ояду хар гуреза ман механдум.
Ту куртаи чит дориву ман пайвандӣ,
Ту ёраки хуб дорӣ, ба ман механдӣ.
Ман ёри тура ба думби хар мебандум,
Гург ояду хар гуреза, ман механдум.
Як ёр дорум, яксаду бистсола ҷувон,
Дар кому даҳони худ надора дандон.
Аз донаи пундона шинонум дандон,
То дар дилукуш дигар намона урмон.
Як ёр дорум, гандахуру гандамиҷоз,
Чашмони сиё(ҳ) дораду линг(ҳ)ои дароз.
Ай дастуш бигирум, бизанум гирди ҷувоз,
Қурбоқа шава, вақ-вақ куна соли дароз.
Ёрукма бугу, ки бар вуҷудуш лаънат,
Бар хешу табору зоду будуш лаънат.
Худ медонум, ӯ ёри нав мегира,
Бо ёри нави харкуррадоруш лаънат.
Эй себаки сурх, дар вуҷуди банда,
Зоеъ кардум умра ба ёри ганда.
Ёри ганда, Худо бдяд ҷазота,
Курут букуна, ки набинӣ пеши пота.
Фарёд зи дасти фалаки бебасаре, 1
Аз одами пешина намондаст асаре.
Он ҳам, ки саре буд, фурӯ рафт ба хок,
Он ҳам, ки харе буд, баровард саре.
Чину Мочинуш мура девона кард,
Зулфи пурчинуш мура девона кард.
По(й)ма бурдум бар рикоби байталуш,
Дуди саргинуш мура девона кард.
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.
Чилим гуфто, ки ман дуди хазонам,
Чилимкашро ба дузах мерасонам.
Аз боми баланд афтию афгор шавӣ,
Ичи нашавӣ, як ҳафта бемор шавӣ.
Дилукум намешавад дуокут букунум,
Занут бумурад, ба ғам гирифтор шавӣ.
Қурбоққа гуфт, ман заргарум,
Тавқи тилло ба гарданум.
Ғис-ғиси чархи модарум,
Гулдасташоҳ бародарум.
1 Гӯянда: Иброимбекова Муборакхотун (1951), сокини қишлоқи Хасхоруғ. Гирдоваранда: Муборакшоева Зарнигор, соли 2013
Ман омадум ба дарут,
Шинг-шинги дӯствонают,
Шона занум ба сарут,
Аз боисти духтарут.
Дари хонат сум(б) задум,
Рубаҳ ворӣ дум(б) задум,
Лушмидум ба пушт задум,
Аз боисти духтарут.
Пир шудеду пир шудед,
Хук барин кампир шудед.
Ҷавон будед, лундабоз,
Оли тасбеҳгир шудед.
Духтари шоҳи парӣ,
Дуға куҷо мебарӣ?
Ба мо наменигарӣ,
Мо мурдем аз ташнагӣ.
Ба гирди гарданут айкал набандӣ,
Ба ҷои аспи тозӣ хар набандӣ.
Сафедӣ бо сиёҳӣ нақш бандад,
Сиёҳӣ бо кабудӣ, хар бихандад.
Боми ҳама бому боми му дар пастӣ,
Ёри ҳама ёру ёри му алмастӣ.
Шерону ҳарифона надодум гардан,
Шафтолуи пажмурда, чӣ бошад хурдан.
Торона биёред, ба ёрон бизанем,
Сад дуд ба рӯи ғалладорон бизанем.
Байдук мегум, байдуки айлоқ бошад,
Халтек будузум, ба поюкот чоқ бошад.
Аз гуфтори бобо Рустам: 1
Хуҷанултобук, нулукта бутоб,
Сари шоҳ бошӣ, дулукта бутоб.
Эй гови алеки муташохук,
Омухта шудем ба и(н) сумохук.
Харгӯшаки ланги мо куҷо шуд?
Аз рахна париду кадхудо шуд.
\* \* \*
Салому сад салом, ай нури дида,
Саломи коғазӣ бар мо расида.
Ҳамон лаҳза, ки нома менавиштам,
Ҳазорон ашк дар коғаз чакида.
Гаҳе шодону гаҳ ғамгинам,
Туро хона куҷо бошад?
Гаҳе дар байни халқонам,
Гаҳе дар дашт урёнам.
Зи тифлу пир пурсонам,
Туро хона куҷо бошад?
Гаҳ Юсуф бо Зулайхоям,
Гаҳе Фарҳоду Ширинам,
Гаҳ Маҷнуни биёбонам,
Намедонам, намедонам,
Туро хона куҷо бошад?
Гаҳе чун абр гирёнам,
Гаҳе чун лола хандонам.
Гаҳе себарга дар гулзор,
Гаҳе хори биёбонам.
1 Қурбонов Рустам (1915-1985) сокини қишлоқи Авҷ, ки табъи баланди шориӣ дошт ва аз ӯ абёти зиёде дар байни халқ боқӣ мондааст.
Зи аҳли мардумон пурсам,
Туро хона куҷо бошад?
Гаҳе чун бод ларзонам,
Гаҳе чун ғунча рақсонам,
Гаҳе чун жолаву борон,
Гаҳе барфи зимистонам.
Намедонам, намедонам,
Туро хона куҷо бошад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё