Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Такя ба Худо кардан. Танҳо ба Худованд бояд паноҳ бурд, зеро каси дигаре наметавонад наҷот бубахшад:
Дар паноҳи лутфи Ҳақ бояд гурехт, К-ў ҳазорон лутф бар арвоҳ рехт. - Тан қафас асту ҷон рўҳи он ва танро бояд аз нафс озод дошт. Деви нафс ҳар лаҳза ба инсон ҳуҷум мекунад, то ўро таслим кунад ва рисолати инсони ростин нафсро фурў нишондан аст. Дар вуҷуди инсон ду қувва ҳамеша дар набард аст: нафс ва сабр:
То ту будӣ одамӣ, дев аз паят, Медавиду мечашонид ў маят.
Чун шудӣ дар хўи девӣ устувор, Мегурезад аз ту деви нобакор.
IV. Рамзу рози ирфонӣ:
Худи Мавлавӣ ишора мекунад, ки матлаби асосӣ дар ин ҳикоя ифшои рози ҷаҳон бидуни суханбозӣ аст:
Қофия андешаму дилдори ман, Гўядам м-андеш ҷуз дидори ман…
Ҳарф чӣ б-вад, то ту андешӣ аз он, Ҳарф чӣ б-вад, хори девори разон.
Ҳарфу савту гуфтро барҳам занам, То ки бе ин ҳар се бо ту дам занам.
Ишқи ҳақиқӣ ба сухан ниёз надорад. Мавлоно иқрор аст, ки тамоми ишқҳои дигар ба он як ишқи Худовнд ғарқ шудаанд:
Ғарқи ишқеам, ки ғарқ аст андар ин Ишқҳои аввалину охирин.
Ў таъкид мекунад, ки ҳарфаш одӣ нест ва ҳарчи мегўяд, зери он маънии дигаре бояд ҷуст:
Ман чу «лаб» гўям, лаби дарё бувад, Ман чу «ло» гўям, мурод «илло» бувад.
«Дарё» дарёи ваҳдат аст ва «илло» исботи зоти ҳақ. Ва ин қитъа водор мекунад, ки ҳарфҳои пинҳону нуҳуфтаи шоирро аз ҳикоят ҷўем. Нахуст ин ки «тўтӣ» чи маънӣ дорад? Тўтӣ киноя аз рўҳи баландпарвоз аст, ки дар қафаси тан маҳбус монда ва роҳи озодӣ меҷўяд ва ин роҳро ба ў ёронаш нишон медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё