Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои шоири мутафаккир ва густурдамаъние чун Хайём ин рубоӣ муносиб наменамояд. Хоса, мисраи ҷамъбастии он чандон қавӣ ва фалсафимашрабона нест. Аммо аз ҷониби дигар, мисраи мазкури ин рубоӣ дар ашъори Хайём такроран ба назар расид ва такрор маъмулан нишони сабки фардист.
Ба тахмини мо, рубоии мавриди баҳс иштибоҳан ба Маҳастӣ нисбат дода шудааст. Эҳтимол дорад, ки ин рубоӣ моли Ҷавҳарии Заргар бошад ба он далел, ки дар қиссаи ў рубоиёти зиёд аз номи Маҳастӣ ва ашхоси дигар оварда шудааст.
Хайём аз ҷумлаи шоироне буд, ки кўтаҳ будани умри инсонро таъкид мекард ва ба шодмонӣ гузаронидани онро салоҳ медонист:
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад, Магзор ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон, Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад.
Ба ин маънӣ рубоиёти зиёдеро аз ў метавон ёд кард ва манзур аз рубоии зерини Маҳастӣ низ хуш гузаронидани умр аст:
Дар вақти баҳор ҷуз лаби ҷўй маҷўй, Ҷуз васфи рухи ёри суманрўй магўй.
Ҷуз бодаи гулранг ба шабгир магир, Ҷуз зулфи бутони анбаринбўй мабўй.
Маънии мазкур ғолибан тавассути мафоҳими шаробу майгусорӣ талқин мешавад, аммо барои Хайём ва ҳам Маҳастӣ «май» тасвири шоиронаест барои ифодаи маъниҳои маҷозӣ.
Хайём:
Майлам ба шароби ноб бошад доим, Гўшам ба наю рубоб бошад доим.
Гар хоки маро кўзагарон кўза кунанд, Ин кўза пур аз шароб бошад доим.
Маҳастӣ:
Дар санг агар шавӣ чу нор, эй соқӣ, Дар оби аҷал кунӣ гузор, эй соқӣ.
Хок аст, ҷаҳон, савт барор, эй мутриб, Бод аст замон, бода биёр, эй соқӣ.

пешина
аз 500
навбатӣ