Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо он ки ҳунари шоирии ҳаким Хайём дар чаҳорпораҳои суннатӣ – рубоӣ зуҳур мекунад, таровиши андешаи ў аз ин чаҳорпораҳо берун раста, беҳтарин тафсири муаммои омадан ва рафтанро барои инсон манзур менамояд.

Пайнавишт:

  1. Руҷўъ шавад ба китоби д-р Маҳҷуб. Сабки хуросонӣ дар шеъри форсӣ.–Теҳрон, 1371.–С. 677; Забеҳулло Сафо. Шаҳрошўб ва шаҳрангез.–Дар кит.: Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷилди 5, бахши 1.–Теҳрон, 1371.–С. 631-633; Шиблии Нуъмонӣ. Шеърул-Аҷам ё таърихи шуаро ва адабиёти Эрон / Тарҷумаи Сайид Муҳаммадтақӣ Фахрдоии Гелонӣ. Ҷ. 1-11.–Теҳрон, 1368; Сируси Шамисо. Анвои адабӣ.–Теҳрон, 1370.–С. 263-265; Сируси Шамисо. Сайри рубоӣ.–Теҳрон, 1374.–С. 73-76.
  2. Абдураҳмони Фаромарзӣ. Маҳастии Ганҷавӣ ва маҳбуби гумноми ў.–Дар китоби Девони Маҳастии Ганҷавӣ бо шарҳи ҳол ва осори шоира бо эҳтимоми Тоҳирии Шаҳоб.–Теҳрон, 1335.
  3. Бадри Ҷоҷармӣ. Нузҳат-ул-маҷолис / Ба тасҳеҳ ва таҳқиқи доктор Муҳаммадамини Раёҳӣ.–Теҳрон, 1375.
  4. Муҳаммад Авфии Бухороӣ. Лубоб-ул-албоб.–Теҳрон, 1371.–С.
    824, 805.
  5. Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ. Хайёмӣ ё Хайём.–Теҳрон, 1370.– С. 64.
  6. Соммирзои Сафавӣ. Тўҳфаи Сомӣ.–Теҳрон, 1314.–С. 104, 126.
  7. Суҳайлии Хонсорӣ. Рубоиёти ҳакима Маҳастии дабир.–Теҳрон, 1371.
  8. Халили Шервонӣ. Мўнис-ул-аҳрор / Ба эҳтимоми Мирсолеҳи Табибӣ. Нашри дувум.–Теҳрон, 1350.
    Соли 2002

ҲАМОҲАНГИИ РУБОИЁТИ
ХАЙЁМ ВА МАҲАСТӢ

Хайём бештар аз тамоми шуарои дигари рубоисаро шўҳрати офоқгир пайдо кардааст ва ба ҳайси шоири фалсафимашраб эътироф шудааст. Миқдори рубоиёти Хайёмро мураттибон аз 300 то 1000 ва ҳатто беш аз ин баршумурдаанд.
Дар сари шахсияти шоирии Хайём низ баҳсҳои тунду тез то ҳанўз идома доранд.

пешина
аз 500
навбатӣ