Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Баъдҳо бо ҳамин равиш чанд тани дигар низ рубоӣ гуфтанд ва бо мурури замон рубоиёти онҳо бо рубоиёти Хайём махлут шуданд.
Сарчашмаҳои зиёде ҳастанд, ки дар онҳо ном ва осори Хайём боқӣ мондаанд. Аз номаи Саноӣ ба Хайём ва «Чаҳор мақола»-и Низомии Арўзии Самарқандӣ сар карда, то «Нузҳат-ул-маҷолис»-и Халили Шарвонӣ, «Мўнис-улаҳрор»-и Бадри Ҷоҷармӣ, яъне, то поёни асри ХIV даҳҳо сарчашмаҳои муҳим омада расиданд ва то ин давра 66 рубоии мансуб ба Хайём ёфт шудааст, ки асил будани онҳо ба исбот расида ва маҳз ҳамин рубоиёт барои ташхиси рубоиёти дигари Хайём кўмак мекунанд.
Рубоиёти Хайём бори аввал дар маҷмўае бо номи «Тарабхона» дар асри ХV гирд оварда шуд, ки дар он 550 рубоӣ ба номи Хайём мундариҷ аст. Мураттиби он Ёраҳмад ибни Ҳусайни Рашидии Табрезӣ тамоми рубоиётро ба 10 фасл ҷудо кардааст: муноҷот, ҳикмат, панду насиҳат, ғанимат шумурдани фурсат, хамриёт, фаслҳои сол, муламмаот, муқаввафот, ҳазлиёт, ҳикоёт.
Баъд аз ин маҷмўа низ ба миқдори рубоиёти Хайём афзуда шуд. Устод Саид Нафисӣ ба ҳамин маънӣ навишта, ки «то кунун ман рубоиёти Умари Хайёмро аз рўи 162 китоб ё маҷмўаи рубоиёти мансуб ба ў истихроҷ намуда, дар варақҳои ҷудогона нақл кардаам ва шумораи рубоиёти мансуб ба ў ба 1224 мерасад». Имрўз кор ба ҷое расидааст, ки то 3000 рубоиро моли Хайём медонанд.
Бинобар он, дар шинохти асолати хунарии Хайём танҳо ба маохизи мўтабар такя бояд кард ва рубоиёти асили ўро ба эътибор гирифт. Аз назари мавзўъ рубоиёти асили Хайёмро ба фаслҳои зерин метавон ҷудо кард:
- Рози офариниш. Хулосаи мазмун аз як идда рубоиёти фарогири ин матлаб чунин аст: касе аз рози паси парда огаҳ нест ва ҳеҷ кас то кунун дарнаёфта, ки чаро зода шудаем ва чаро мемирем. Барои мисол:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё