Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қазоват кунед, Хайём мегўяд:
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст, Гарданда фалак низ ба коре будааст.
Зинҳор, қадам ба хок оҳиста ниҳӣ, Он мардумаки чашми нигоре будааст.
Ё худ:
Дар коргари кўзагаре рафтам дўш, Дидам ду ҳазор кўза гўёву хамўш.
Аз дастаи ҳар кўза бароварда хурўш Сад кўзагару кўзахару кўзафурўш.
Аз миёни он рубоисароёне, ки зикрашон дар боло рафт, шояд касоне бошанд, ки ин матлабро хеле беҳтар ба силки назм кашидаанд, аммо рабоиш ва ҷозибаи каломи Хайём дигар аст.
Ба назари ман омили асосии рабоиши сухан – нерўи ботинии гўяндаи шеър аст, ки нохудогоҳона дар мағз-мағзи ҳарфу ҳиҷо ва мисраву байт ҷо мегирад ва робитае бо хонанда эҷод мекунад, ки гузашти вақт наметавонад ба он асаре дошта бошад. Шояд асрори маҳбубияти Хайём низ дар ҳамин бошад?
Ҳаким Умари Хайём дар замони худ ба риёзиёту фалакиёт ва ҳикмат маъруф буд ва ҳеҷ шўҳрате дар шоирӣ надошт ва, ба қавли устод Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ, муаллифи китоби «Хайёмӣ ё Хайём» ин ду тан касони мутафовите буданд, ки яке дар шоирӣ ва дигаре дар олимӣ маъруфият доштанд. Ба қавли ҳамин муаллиф, умуман чаҳор нафар бо номи Хайём дар тамаддуни форсӣ маълум будаанд, ки дар илму адаб ном ва осоре аз худ ба ёдгор мондаанд.
Сабаби дар замони худ ҳамчун шоир шўҳрат наёфтани Хайёмро бархе зоҳиран дар он мебинанд, ки гўё Хайём аз ифшо ва интишори афкору маоние, ки дар рубоиёти худ матраҳ намудааст, худдорӣ мекардааст. Бархи дигар умуман мункири шоирии ў шудаанд ва он рубоиётро ба Хайёмӣ нисбат медиҳанд. Ҳароина, он нукта мусаллам аст, ки як силсила рубоиёте бо мазомини фалсафии аз куҷо омадаему ба куҷо меравем, ғараз аз ҳаёт чист, ғанимат шумурдани вақт, эътиқод ба қазову қадар, беҳуда будани кори ҷаҳон, тазоди маргу зиндагӣ, масъалаи офариниш ва ғайра рўи кор омадаанд, ки ғолибан ба Хайём мансуб медонанд.

пешина
аз 500
навбатӣ