Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

- Ғаффорова З. Берунӣ ва мақоми ў дар таҳқиқи таърихи тамаддуни Ҳинд // Садои Шарқ.–2009.–№3.–С. 134-141.
- Девонақулов А. «Осор-ул-боқия»-и Абўрайҳон Берунӣ.–Дар кит.: Осор-ул-боқия.–Душанбе, 1990.–С. 5-12.
- Колпаков А.П. Абўрайҳони Берунӣ //Ахбороти шўъбаи Тоҷикистони АФ СССР.–Сталинобод.–1948.–№10.–С. 44.
- Осимӣ М. Берунӣ.–Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 1.– Душанбе, 1978.–С. 433-434.
- Осимӣ М., Ҳазратқулов М. Берунӣ.–Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1.– Душанбе, 1988.–С. 269-270.
- Семёнов А. А. ал-Берунӣ – бузургтарин олими асримиёнагии Шарқу Fарб.–Сталинобод: АФ РСС Тоҷикистон, 1948.–48 с.
- Тимофеев И. Бируни: Жизнь замечательных людей.–Москва:
Молодая гвардия, 1986.
Соли 2010
ПАРТАВИ НУБУҒ
(Андешаҳо дар бораи сабки Хайём)
Вақте дар бораи бузургӣ ва шаҳомати Хайём, Мавлавӣ ё Ҳофиз меандешем, дар шигифт мемонем, ки чӣ гуна аз миёни садҳо нафар адибон, ки асолати ҳунариашон дар шеър собит шудааст ва аз лиҳози маънигузориву тасвирсозӣ низ тавоноиашон дайн аст, ин се тан баргузида шудаанд. Шўҳрати офоқгири Хайём дар рубоӣ, камоли ҳунармандии Мавлавӣ дар маснавӣ ва маҳбубияти томи Ҳофиз дар ғазал дигар ҷои баҳс надорад. Маълум аст, ки дар навъи адабии рубоӣ даҳҳо нафар, аз қабили Рўдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абўшакури Балхӣ, Дақиқӣ, Кисоии Марвазӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Асҷадӣ, Манучеҳрӣ, Қатрон, Абулфараҷи Рунӣ, Масъуди Саъди Салмон, Амир Муиззӣ, Саноӣ, Маҳастӣ, Рашиди Ватвот, Асириддини Ахсикатӣ, Хоқонӣ, Аттор, Камолиддини Исмоил, Мавлавӣ ва чандин нафари дигар ҳунар озмудаанд.
Яке аз муҳаққиқони номвари Эрон Абдураҳмони Фаромарзӣ дар пешгуфтори хеш ба девони Маҳастӣ гуфта буд, ки «касе рубоиро ба мисли Маҳастӣ насохтааст, ҳатто Хайём».
Бо он ки банда ҳам ҷустуҷў дар шинохти Маҳастӣ дорам ва ба ҳунари ин бонуи рубоисаро арҷ мегузорам, фикр мекунам, ки ҷои ҳар кадоми ин шоирон ҷудост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё