Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Моли- л Ҳинд» асари қомусӣ буда, аз 80 боб иборат аст ва маълумоти он бо пояҳои қавии илмӣ, устувор будан бар воқеият ва асноди мўътамад, фаровонӣ ва густурдагӣ имтиёз дорад. Ин асар ҳамчун манбаи муҳими омўзиши забон низ метавонад хидмат кунад, зеро бо вуҷуди он ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, дар он беш аз 2500 калима аз забони санскрит ба кор рафтааст. Хулосаи З. Ғаффорова дар бораи асосгузори ҳиндшиносии Шарқ будани Абурайҳони Берунӣ бо таҳлили муфассали ин асар, муқоисаи он бо осори дигари марбут ба Ҳиндустон ва гуфтори донишмандон перомуни арзишҳои илмиву адабии он тасдиқ шудааст.
Ҳамин тариқ, нигоҳи шитобзада ба вазъи берунишиносӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад ба натиҷае бирасем, ки тайи 50 соли охир муҳаққиқони тоҷик босуръат ба омўзиш ва нашри осори бузургтарин алломаи машриқзамин Абўрайҳони Берунӣ машғул шудаанд ва умед аст, ки ҳарчи зудтар тамоми осори ин абармарди илм дар қиёс ва муқобала бо нусхаҳои қадимие, ки дар тамоми ҷаҳон маҳфузанд ва бо заҳмати уламои арҷманд ба забонҳои мухталиф тарҷума ва нашр шудаанд, ба табъ бирасанд.

Пайнавишт:

  1. Абўрайҳони Берунӣ. Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим.–Душанбе: Ирфон, 1973.
  2. Абўрайҳони Берунӣ. Осор-ул-боқия.–Душанбе: Ирфон, 1990.
  3. Абурайхон Беруни. Избранные произведения. Канон Масъуда.
    Т. 5.–Тошкент: Фан, 1976.
  4. Беленитский А. М. «Лаъли Бадахшон» //дар «Асарҳои АИ Тоҷикистон», ҷ. 17.–Сталинобод, 1953.–С. 25-31.
  5. Беруни. Гуманитарные науки.–Ташкент: Фан, 1972.
  6. Беруни. Сборник статей, посвященный 1000-летию со дня рождения.–Ташкент: Фан, 1973.
  7. Бобоев Ю. Вопросы истории и культуры народов Мовареннахра и Хорасана в трудах Абдурайхона Беруни.–Диссертация на соискание учёной степени кандидата исторических наук.– Худжанд, 2004.–170 с.
пешина
аз 500
навбатӣ