Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мақола ҳамчунин нашри русӣ, ки ба эҳтимоми шарқшиноси шўравӣ М. Салье ва нашри ўзбекӣ, ки бо кўшиши А. Расулов сурат гирифтаанд, тазаккур ёфтаанд. Муаллифи сарсухан таъкид мекунад, ки нашри тоҷикии «Осорул-боқия» дар асоси нусхаи Теҳрон, инчунин нусхаҳои асл ва нашрҳои русиву ўзбекӣ сурат гирифтааст.
Моҳияти мероси илмии Абўрайҳони Берунӣ дар асарҳои Бобоҷон Fафуров «Тоҷикон», Нўъмон Неъматов «Давлати Сомониён», Г. Носирхоҷаева, Х. Абдуллозода ва мақолоти маҷмўаи дастҷамъии «Улуми Осиёи Марказӣ ва тамаддуни башарии муосир» баён шудааст.
Яке аз пажўҳишҳои муфассали охирин дар Тоҷикистон, аз ҷониби муаррихи ҷавон Бобоев Юсуф анҷом ёфт. Рисолаи ў «Масъалаҳои таърих ва фарҳанги халқҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон дар таълифоти Абўрайҳони Берунӣ» ном дошта, ғолибан ба шинохти масоили пайдоиши инсон ва ҷомеа, пайдоиш ва таҳаввули улуми мухталиф, идроки илмии таърих, солшумории таърихӣ, ҷуғрофияи таърихӣ, шаҷарашиносиву ирсият ва этнография ихтисос дорад. Ҳамчунин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар иртибот бо таърихи халқи тоҷик, вазъи обёриву кўҳшиносӣ, рушди ҳунар ва нақши бозорҳо дар тамаддуни кишварҳои Шарқ аз мадди назари муҳаққиқ дур намондааст. Дар хусуси ҷаҳоншиносии динии мардуми Мовароуннаҳру Хуросон, тақвим, ҷашну сурҳо ва расму оинҳои мардуми ин минтақа низ дар заминаи таҳқиқи мероси илмии Берунӣ, махсусан «Осор-ул-боқия», «Моли-л Ҳинд» ва «Китобут-тафҳим» андешаҳои судманд рўи сафҳа омадаанд.
Мақолаи хиндшиноси тоҷик профессор З. Ғаффорова «Берунӣ ва мақоми ў дар таҳқиқи таърихи тамаддуни Ҳинд»
аз тадқиқоти пурарзиш дар заминаи ҳиндшиносии Берунӣ аст.
Дар ин мақола сухан аз ваҷҳи иртиботи Берунӣ ба сарзамини Ҳинд ва моҳияти илмии ин асар барои шинохти тамаддуни ҳиндухо, таъриху фалсафа, нуҷуму риёзӣ, ҳайату ҳисоб ва ҷуғрофиёи тасвирӣ, расму оин ва суннатҳои қадими ҳиндувон меравад. Муаллиф бо далелҳои мўътамад собит намудааст, ки «Моли - л Ҳинд» на танҳо дар миёни осори дигари ин олим, балки осори дигар номварони илм, ки марбут ба шинохти кишварҳои дигаранд, ҷойгоҳи махсус дорад.

пешина
аз 500
навбатӣ