Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дар ин пешгуфтор муаллиф на танҳо тарҷумаи ҳоли Беруниро бозгў менамояд, балки хидмати ўро дар таҳқиқи назария ва амалияи нуҷумшиносӣ, ҳандаса, риёзиёт, физика, кимиё, ҷуғрофияву таърих ва забоншиносӣ якояк баршумурда, сипас муфассал роҷеъ ба нусхаҳои «Китоб-ут-тафҳим» дар китобхонаҳои ҷаҳон ва мундариҷаву мўҳтавои ин асар сухан меронад. Дар мақолаи мазкур сухан аз кашфиёти Берунӣ ва усулҳои таҳқиқи ў дар улуми мухталиф, аз он ҷумла, роҷеъ ба таъйини системаи гелиосентрии олам, кўшиши ба ҳам пайвастани усули ҳисоби юнониҳо ва ҳиндиҳо, дуруст муайян кардани мавқеи ҷуғрофии Африқо, сохтани шакли кураи арз, таҳқиқи таърихи геологии ҳавзаи Омў ва ҳавзаи руди Ганг, муайян кардани вазни хоси минералҳо, муқоисаи суръати рўшноӣ бо суръати овоз, шарҳи истилоҳоти илмӣ, балад будан ба забонҳои зиёд, аз ҷумла форсию арабӣ, юнониву ҳиндӣ, ибриву паҳлавӣ ва ғайра рафтааст, ки дар маҷмўъ ба алломаи зуфунун будани ў гувоҳӣ медиҳад.
Соли 1990 гурўҳи шарқшиносон бо сарварии Алиқул Девонақулов аз забони арабӣ ба тоҷикӣ «Осор-ул-боқия»-ро баргардониданд ва нашриёти «Ирфон»-и Душанбе онро мунташир намуд.
Дар пешгуфтори ин асар, ки муаллифи он Алиқул Девонақулов аст, бештар дар хусуси ҷаҳоншиносии Берунӣ, ақидаҳои ў перомуни масоили солшуморӣ, усули ситорашиносӣ, пайдоиш ва таҳаввули оину кешҳои гуногун, идҳо ва расму таомулҳои мардумӣ, хусусиятҳои табиат ва иртиботи муҳити зист бо хулқу хў ва сурати инсонҳо андешаҳо баён ва ифтихори эронитаборон будани Берунӣ таъкид шудааст. Муаллиф нашрҳои «Осор-ул-боқия»-ро, ки шарқшиноси немис Эдуард Захау солҳои 1876-1878 дар асоси чор нусха ба забони арабӣ дар Лейпциг ва соли 1879 ба забони англисӣ ба эҳтимоми мавсуф интишор ёфтааст, зикр мекунад. Ў махсусан аз хидмати мутарҷим ва донишманди Эрон Акбари Доносиришт, ки соли 1321 ҳиҷрӣ (1943) нашри аввал ва 1352 ҳиҷрӣ (1973) нашри такмилёфтаи матнро ба забони форсӣ ба анҷом расонидааст, ёд мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё