Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз омаданам набуд гардунро суд В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гўшам нашунуд, К-ин омадану рафтанам аз баҳри чӣ буд.
2. Талхии зиндагӣ. Хулосаи мазмун: зиндагӣ талх аст ва агар ихтиёр ба дасти ман буд, ҳаргиз ба ҷаҳон намеомадам:
Афсўс, ки бефоида фарсуда шудем В-аз доси сипеҳри сарнагун суда шудем.
Дардову надомато, ки то чашм задем, Нобуда ба коми хеш нобуда шудем.
3. Сарнавишти азалии инсон. Дар рубоиёти шомил ба ин мавзўъ таъкид мешавад, ки сарнавишт азалист ва инсон танҳо бозичаест дар дасти қазо:
Ё Раб, ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам, Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам.
Ҳар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд, Ту дар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам.
4. Гардиши даврон. Хулосаи мазмун: гардиши даврон бознадоштанист ва зиндагӣ – такрори пайдарпайи бемаънӣ:
Якчанд ба кўдакӣ ба устод шудем, Якчанд з-устодии худ шод шудем.
Поёни сухан шунав, ки моро чӣ расид, Чун об баромадему чун бод шудем.
5. Аз хок баромадан ва бар хок рафтани инсон:
Ин кўза чу ман ошиқи зоре будааст, Дар банди сари зулфи нигоре будааст.
Он даста, ки бар гардани он мебинӣ, Дастест, ки бар гардани ёре будааст.
6. Хуш гузаронидани вақт, ғанимат шуморидани умр:
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад, Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон, Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад.
7. Ҳеҷ будани кори ҷаҳон:
Ин гуна ки ман кори ҷаҳон мебинам, Олам ҳама ройгон бар он мебинам.

пешина
аз 500
навбатӣ