Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Дуруст аст, ки тарҷумони хуб бояд шоири хуб ҳам бошад, вале дар ҳар сурат ў мухтор нест. Ҳини баргардони матни каси дигар ў набояд чизе аз худ бибофад, биафзояд ё ҳазф намояд. Хусусан, дар мавриди тарҷумаи шеъри форсӣ, ки бо узубату ҷозиба ва шириниву дилфиребии бемисл шўҳрат дорад, он риояи қофияву радиф ва саҷъҳои дохилӣ, фаровонии таркибу иборот ва вожаҳои духура, зермаъноҳои маҷозӣ, саноеи лафзиву маънавӣ ва бофти нотакрори калом барои беҳтарин тарҷумон низ кори сангин аст. Хоса, баъзе шеърҳо, ба қавли муҳаққиқон, танҳо ба забони модарии муаллифон содиқанд, тарҷумаи онҳо ба касе даст намедиҳад, чунончи, тарҷумаҳои Ҳофиз ё Мавлавӣ.
Тарҷумаҳои Рўдакӣ низ бо вуҷуди он ки шеъри Одамушшуаро дар қиёс бо ашъори сабки ироқӣ ё ҳиндӣ таҳтул-маъниҳои қабат андар қабат надорад, дар ҳадди камол нестанд. Дар ин ҳол низ ҳарчи то имрўз аз тарҷумаҳои русӣ дар даст дорем, шахси Рўдакиро ба унвони шоири навовару борикандеш, ки ҳанўз XI қарн муқаддам бунёди анвои мухталифи шеърро ниҳода ва дар тарбияи завқи пасовандон нақши равшане доштааст, падид меорад.
Ба хотири он ки хонандагони адофаҳм низ аз баъзе мушкилоти интихоби матни тарҷума воқиф бошанд, ба тарҷумаҳои зерини як ғазал – «Боди ҷўи Мўлиён ояд ҳаме» руҷўъ мекунем:
1 Чаруют струи Мулиана снова,
Душа стремится к той, желанной снова.
Родной Амударьи кремнистый брод Покажется нежней сафьяна снова.
И будет бурного Джейхуна ширь Тебе по-грудь, скакун буланый, снова.
О Бухара, ликуй и торжествуй!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё