Зеҳн
Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 500 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Айни ҳамин маъниро шайх Аттор низ гуфтааст:
Дар тарозуи шаръу растаи ақл Фалсафа фулус дону шеър шаир.
Маънии калимаи шаир ҷав аст, яъне, арзиши шеър аз ҷав беш нест. Ва ин ҷо фалсафаро низ фулусу беқадр хондааст.
Аз назари шоири мутасаввиф фалсафа, хоса фалсафаи юнонӣ бар хилофи ирфони исломӣ аст, бинобар ин, яке аз мушаххасоти шеъри ирфонӣ мубориза алайҳи ақоиди файласуфони юнонӣ аст.
Ин маъниро дар байти зерини Аттор бе душворӣ пай мебарем:
Кай шиносӣ давлати рўҳониён
Дар миёни ҳикмати юнониён.
Ва ё дар ҷои дигаре мегўянд, ки «хок бар Юнон фишон дар дарди дил». Чунонки зикр шуд, барои шоири ориф шеър асли матлаб нест. Он танҳо як чизи зоҳирӣ, яъне, пўст аст, ки мағзро дар дохили он ҷой медиҳанд. Ҳар чизи зоҳирӣ аз нигоҳи ориф фиребанда ва нафратангез аст, бинобар ин, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар «Фиҳӣ мо фиҳӣ» хеле тунд гуфта буд, ки «ман аз шеър безорам ва пеши ман аз ин бадтар чизе нест». Ва дар ғазале мегўяд, ки «Ман куҷо, шеър аз куҷо?».
Дар ашъораш борҳо ҳамин маънӣ, яъне, пўст будани шеър ва дигар будани асли матлаб ва мутафовит будани қасди шоири дунявӣ ва шоири орифро таъкид кардааст:
Қофияву мағлатаро гў, ҳама селоб бубар Пўст бувад, пўст бувад дархури мағзи шуаро Шеър чӣ бошад бари ман, то ки аз он лоф занам Ҳаст маро фанни дигар ғайри фунуни шуаро.
Ва ниҳоят, дар мавриди мушаххасоти фикрии шеъри ин ҷараён аз таносуби ақл ва ишқ бояд ёдовар шуд. Дар шеъри ирфонии марҳалаи аввал, ки Саноиву Хоқонӣ ва Низомиву Ҷамолиддини Исфаҳонӣ намояндагии онро доштанд, ақлу хирад дар аксари маврид аз эътибору аҳамият соқит набуд.
Аммо ба тадриҷ ишқ мартабаи болотарро соҳиб шуд ва дар ашъори Аттору Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва баъдан Ҳофизу Саъдӣ дар арши аъло ҷой гирифт.

пешина
аз 500
навбатӣ